Бобобеки Иштибар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= БОБОБЀКИ ИШТИБÀР |Номи аслӣ= بابابیک اشتیبر |Акс= |Зодрӯз= 1784 |Зодго...
(бе тафовут)

Нусха 08:22, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБОБЀКИ ИШТИБÀР (порсӣ: بابابیک اشتیبر) Домулло Бобобек (1784, Шаҳрисабз – 1884, Бухоро), хаттот ва хушнависи тоҷик.

Зиндагинома

Шогирди Иброҳим Девонаи Шаҳрисабзӣ. Марди донишманд буд, дар Бухоро бо даъвати Амир Ҳайдар (ҳукмр. 1800 – 25) ба толибилмон аз хаттотӣ ва сарфу наҳв дарс додааст. Хаттотони маъруфи замонаш – Абдурраҳими Таманно, Субҳонқулӣ, Умархоҷа, Мирмаъсуми Оламиён, Мирсироҷи Атолиқ, Абдулқодирхоҷаи Пишакбоз, Садриддини Махдуми Хуҷандӣ ва дигар. аз ҷумлаи шогирдони Бобобеки Иштибар мебошанд. Бобобеки хатнависии хосса дошта, мавриди китобат махраҷгирӣ, доиракашӣ, хату ҳошия кашидан ва дигар қонуну қавоиди хаттотиро хуб риоя мекард. Ӯро барои маҳорат ва нуктадониаш «Устоди кулл» ном бурдаанд. Дар Бухоро мактаби махсуси хаттотӣ таъсис додааст.

Манбаъ

  • С. Султонов.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2