Бобоғиёс Абдулғанизода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБОҒИЁС Абдулғанизода |Акс= |Зодрӯз=1859 |Зодгоҳ=Бухоро...
(бе тафовут)

Нусха 08:26, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБОҒИЁС Абдулғанизода машҳур ба Отағиёс (1859, Бухоро – 1927, ҳамон ҷо), танбӯрӣ, оҳангсоз, сароянда ва мусиқидони тоҷик, намояндаи мактаби эҷодии Бухоро («Шашмақом»). Мусиқӣ ва шеърро ибтидо аз падараш, ки аз фарҳангиёни машҳури Бухоро буд, омӯхта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Бадалбеки Бухоро идома додааст. Аз наздикон ва фаъолони маҳфилҳои адабию мусиқии Аҳмади Дониш (1826–1897) буд. Дар танбӯрнавозӣ ва иҷрои бахшҳои «Савт», «Наср», «Мушкилот» («Шашма­қом») маҳорати баланд дошт. Бобоғиёс дар дарбори амирони манғитӣ Музаффар (Шаҳрисабз, 1860–85), Абдулаҳад (Кармина, 1885–1910), Олимхон (Бухоро 1910–20) мутриб ва муддате сарвари ромишгарони дарбор буд. Баъди Инқилоби Бухоро (1920) дар Мактаби мусиқии Бухоро (1920–26) ва Донишкадаи хореографӣ ва мусиқии ш. Самарқанд (1927) дарс дода, ба навозандаву сароянда ва оҳангсозон Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, М. Бурҳонов, М. Ашрафӣ, Ю. Раҷабӣ ва дигар асосҳои амалии мақомҳоро омӯхтааст. Устодони машҳури мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852–1936), Домулло Ҳалим (1876–1940), Устод Шодӣ (Азиз, 1878–1942) ва дигар аз таҷрибаи ғании иҷроии ӯ баҳравар шудаанд. Б Бобоғиёс дар сабти адвории «Шашмақом» (бахши созӣ), ки с. 1923 ба воситаи мусиқишинос-мар­дум­шиноси рус В. А. Успенский сурат гирифт, фаъолона ширкат кардааст. Мусиқишинос Н. Н. Миронов аз Б Бобоғиёс намунаҳои баргузидаи мақомҳо ва мусиқии шифоҳиро сабт намудааст.

Адабиёт

Миронов Н. Н. Музыка таджиков. Сталинабод, 1932; Таджикская музыка. Д., 2004; Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2