Адҳам Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБÒЕВ Адҳам Сафарович |Акс= |Зодрӯз=11.6.1935 |Зодгоҳ=деҳа...
(бе тафовут)

Нусха 08:35, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒЕВ Адҳам Сафарович (11.6.1935, деҳаи Зимтуди ноҳ. Панҷакент – 4.4.2007, Душанбе), физикадони тоҷик, д. и. физика ва математика (1981), профессори. (1983).

Зиндагинома

Хатмкардаи Институтидавлатии педагогии Душанбе (1957). Дар Мактаби олии сиёсии ҳарбии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС(ш. Свердловск, 1958–60) таҳсил намудааст. Ас­пиран­ти Институтифизикаи АИ ҶШС Озарбойҷон (1961–64). Мудири кафедраи физикаи Институтихоҷагии қишлоқи Тоҷи­кис­тон (1966–88). Таҳ­қиқоти ӯ ба омӯхтани хосия­т­ҳои ну­р­афканӣ ва нурфу­рӯ­барии бу­лӯрҳои фосфорӣ, усули пай­до кардани парда­ҳои ниҳоят тунук (40–50 Å) ва хосиятҳои электрооп­ти­кии кристаллҳои моеъ оиданд. Б. муаллифи зиёда аз 11 ихтироот буда, 5-тои онҳо дар ис­теҳсолот татбиқ шудаанд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмист. Узви Шӯ­рои илмии сексияи кристал­л­ҳои моеи АИ ҶШС (аз с.1979), аз с.1965 узви ИЖ ИҶШС буд.

Осор

Қонунҳои ҳаракати озоди олами сағиру кабир ягонаанд. Д., 1971;

Назари ҷадид ба табиати мавҷҳои электромагнитӣ. Д., 1998;

Формулаҳои баробарвазни муайян кардани суръати рӯшноӣ. М., 1999.

Адабиёт

Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 8. Д., 1988;

Чароғи равшан. Д., 2009;

Олиме, ки қонуни Нютонро инкор кардааст. Д., 2006.

  • М. Давлатова.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2