Ӯктам Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБÒЕВ Ӯктам Ҷӯраевич |Акс= |Зодрӯз=25.11.1932 |Зодгоҳ=Душан...
(бе тафовут)

Нусха 08:50, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒЕВ Ӯктам Ҷӯраевич (25.11.1932, Душанбе – 30. 3.2001, Хуҷанд), муаррих ва бостоншиноси тоҷик, д. и. таърих (1989), профессори. (1994).

Зиндагинома

Хатмкардаи факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ) (1958) ва аспирантураи Институти таърихи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958–1961), х. к. илмии ҳамон институт (1966-70), дотсенти УДТ (1970–81). Бобоев устоди Донишогоҳи Кобули кишв. Афғонистон (1981–1984), дотсенти УДТ (1984–87), мудири лаб. илмӣтаҳқиқотии бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фолклори тоҷики УДТ (1987–93), корманди пешбари илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Маркази илмии хуҷандии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–94), профессори. кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд (1994–95), мудири кафедраҳои илмҳои ҷамъиятшииносӣ ва сипас кафедраи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик (1995–2001) дар ҳамон донишгоҳ буд.

Бобоев дар солҳои 60 ва 70-и а. 20 дар кори экспедитсияҳои бостоншиносии ИҶШС ва Афғонистон ширкат намудаст. Ӯ бештар аз 200 рисолаву мақола, дастурҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ роҷеъ ба бостоншиносӣ, таърих, мардумшиносӣ ва равобити илмҳои таърих бо илмҳои дигар навиштааст. Дар рисо­лаҳо ва мақолаҳои илмии Бобоев масъалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, бахусус натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар Вахон, Помири Ғарбӣ ва асосу усулҳои назарияи бостоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бобоев иштирокчии бисёр конфренсияҳои илмӣназариявӣ ва байналмилалӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ва берун аз он мебошад. Баъзе асару мақолаҳояш дар Афғонистону Покистон ба табъ расидаанд.

Осор

Крепости древнего Вазхана. Д., 1973;

Методи ковишҳои бос­тоншиносӣ. Кобул, 1983;

Асосҳои бостоншиносӣ. Кобул, 1983;

Бос­тоншиносии Афғонистон. Кобул, 1984;

К истории государства, пра­ва и дипломатии. Х., 1997;

Мероси таърихи ниёгон. Х., 2000;

Авеста: по следам древнейшей цивилизации таджиков. Х., 2001;

Древние земледельцы «Крыши мира». Х., 2006. Р. Раҳмонӣ.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2