Хаёл Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБÒЕВ Хаёл |Акс= |Зодрӯз=30.10.1959 |Зодгоҳ=ноҳияи Восеъ |П...
(бе тафовут)

Нусха 08:52, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒЕВ Хаёл (таваллуд 30.10.1959, ноҳияи Восеъ) олими соҳаи физика ва таърих, д. и. таърих (2006), профессори. (2010).

Зиндагинома

Хатмкардаи факти физика ва астрономияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав (1983). Аввал муаллими кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб (1983–85), баъд коромӯз ва аспиранти Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав (1985–90), устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1990–92), докторанти УДТ (ҳоло ДМТ) (1993–96) буд. Солҳои 1996 – 2008 дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз с. 2009 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси устод ва ноиби ректор оид ба равобити байналмилалӣ ифои вазифа дорад. Дар мавзӯи «Такмили тайёрии астрономии устодони ояндаи физика дар донишгоҳҳои педагогӣ» (1990) рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Таърихи бунёд ва рушди илми ситорашиносӣ дар Тоҷикистон» (2006) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Бобоев муаллифи беш аз 100 мақола, рисолаҳои илмӣ, усулӣ, таълимӣ ва барномаҳои дарсӣ аст. Бобоев ширкатдори якчанд конфренсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Россия (1989, 2011), Эрон (1996), Хорватия (2006), Португалия (2006), Олмон (2007) ва ғ. мебошад. Асарҳои илмии ӯ дар кишварҳои хориҷӣ ба забонҳои англисӣ ва португалӣ тарҷума шудааст.

Осор

Кайҳон ва тақдири инсон. Кӯлоб, 1992;

Нигорише андар нуҷум. Д., 2000;

Достижения ученых-астрономов Таджикистана во второй половине ХХ в. Д., 2005;

О формировании астрономических знаний таджикского народа. Д., 2006;

Возрождение астрономии в Таджикистане (ХХ в.) – Д., 2006;

Дунёи нуҷум ва фарҳанги кайҳоншиносӣ. Д., 2010.


Манбаъ

  • Р. Раҳмонӣ.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2