Афканишот: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 9:
афканишоти намоён (рӯшноӣ), афканишоти маҷ­бурӣ (илқоӣ), гамма-афканишот, афканишоти инфрасурх, афканишоти ионзо, афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад), афканишоти моно­хро­матикӣ, афканишоти гузаришӣ, радиоафканишот (радио­мавҷ­ҳо), афканишоти рентгенӣ, афканишоти син­хро­тронӣ, афканишоти худ ба худ рӯй­диҳанда, афканишоти ҳароратӣ, афканишоти тераҳерсӣ, афканишоти боздоштӣ (тор­мозӣ), афканишоти ултрабунафш, афканишоти сиклотронӣ (магнитотро­нӣ), афканишоти Вавилову Черенков ва афканишоти реликтӣ (афканишот фонии мик­ромавҷии кайҳонӣ).
 
=== '''Афканишоти намоён''' ===
Афканишоти намоён''' '''(рӯшноӣ) мавҷҳои электромагнитие ме­бо­шанд, ки чашми инсон мебинад ва онҳо дар фосилаи спектрҳои дарозии мавҷашон аз 380 нм (бунафш) то 780 нм (сурх) ҷойгиранд. Ҳангоми аз маншур (призма) гузаш­тани рӯшноӣ спектр пайдо мешавад, ки дар он афканишоти мавҷ­ҳои дарозиашон гуногун таҳти кунҷҳои гуногун мешикананд. Дар натиҷа ҳафт ранги тирукамон: сурх, но­ринҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҳосил мешаванд.