Фарқият байни намунаҳои "Афканишот"

[[Акс:Alfa beta gamma radiation penetration.svg|thumb|Ин тасвир тавонойии се гунаи мухталифи афканишотро нишон медиҳад: алфа-зарраҳао (α) бо бархӯрд ба баргаи коғаз мутаваққиф мешаванд. Бета-зарраҳо (β) ба варақаи алюминиум, вале қисмате аз гамма-зарраҳо (γ) метавонанд аз варақаи сурбӣ бигзаранд.|300x300px]]
'''АФКАНИШÓТ''', раванди [[Афканишот|афканиш]] ва паҳншавии [[Энергия|энер­гия]] ба шакли [[мавҷ]] ва [[зарра]]. Аксар мавридҳо таҳти ин ис­тилоҳ [[Афканишоти электромагнитӣ]] фаҳмида мешавад, ки дар нав­бати худ вобаста ба манбаъ ба Афканишотҳои гуногун тақсим мешавад. Физикаи классикӣ афканишотро чун афканиши мавҷ­ҳои электромагнитӣ аз ҷониби барқа (зарядҳо)-и электрикии ши­тобёфта муоина мекунад. Назарияи классикӣ бисёр ҷи­ҳатҳои равандҳои афканишотро маънидод карда тавонист, лекин баъзеи онҳо, хусусан афканишоти ҳароратии ҷисмҳо ва афканишоти [[атом|атому]] [[молекулаҳо|молекулаҳоро]] тавсиф дода натавонист. Чунин тавсифот танҳо дар назарияи квантии афканишот имконпазир гашт, ки мувофиқи он афканишот ин тавлиди [[фотон]] ҳангоми тағйир ёфта­ни ҳолати [[системаҳои квантӣ]] (масалан, атомҳо) мебошад. Назарияи квантӣ афканишотро амиқ омӯхта, ҳудудҳои истифодаи афканишоти классикиро муайян кард.
 
 
Аз рӯйи басомад афканишоти электромагнитиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
[[File:FarNearFields-USP-4998112-1.svg|thumb|280x280px|Афканишоти электромагнитӣ]]
 
афканишоти намоён (рӯшноӣ), афканишоти маҷ­бурӣ (илқоӣ), гамма-афканишот, афканишоти инфрасурх, афканишоти ионзо, афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад), афканишоти моно­хро­матикӣ, афканишоти гузаришӣ, радиоафканишот (радио­мавҷ­ҳо), афканишоти рентгенӣ, афканишоти син­хро­тронӣ, афканишоти худ ба худ рӯй­диҳанда, афканишоти ҳароратӣ, афканишоти тераҳерсӣ, афканишоти боздоштӣ (тор­мозӣ), афканишоти ултрабунафш, афканишоти сиклотронӣ (магнитотро­нӣ), афканишоти Вавилову Черенков ва афканишоти реликтӣ (афканишот фонии мик­ромавҷии кайҳонӣ).
 
 
== Афканишоти ионзо ==
[[File:Electromagnetic-Spectrum.png|thumb|Спектр (тайф)-И электромагнитӣ]]
Навъҳои гуногуни микрозарраҳо ва май­донҳои физикие, ки моддаро иондор мекунанд. Навъ­ҳои асосии афканишоти ионзо афканишоти электромагнитии кӯтоҳ­мавҷ (афканишоти рентгенӣ ва гамма-афканиш) ва сели зар­раҳои заряднок: бета-зарраҳо (электронҳо, позитронҳо), алфа-зар­раҳо (ҳастаи атоми 42Не), протонҳо, дигар ионҳо, мюон­ҳо ва нейронҳо мебошанд. Дар табиат афканишоти ионзо дар на­тиҷаи коҳиши радиоактивии худ ба худи радонук­лидҳо, равандҳои ҳастаӣ (синтез ва порашавии ил­қоии ҳастаҳо, рабоиши нейтронҳо, алфа-зарраҳо ва ғайра), инчунин шитоб­ёбии зарраҳои барқанок дар кайҳон ба амал меояд. Ман­баъ­ҳои сунъии А.-и ионзо радионуклидҳои сунъӣ, реактор­ҳои ҳастаӣ, манбаъҳои радионуклидии нейтронӣ, суръат­физоҳои зарраҳои бунёдӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва ғайра ме­­бо­шанд. А.-и ионзо дар саноати вазнин (интроскопия), хӯрокворӣ (безараргардонии асбобҳои тиббӣ, мавод ва хӯрокворӣ) ва тиб (ташхис ва табобати омос) истифода мешавад.
 
 
'''Афканишоти ултрабунафш''' дар ҳаёти ҳаррӯза васеъ истифода мешавад. Барои нусхаи аслиро аз қалбакӣ фарқ кардан дар шиносномаҳо, пулҳо ва кортҳои маблағдори бонкҳо ишораҳои ултрабунафш мегузоранд, то бо ин нурҳо ни­го­раҳои аслиро аз нигораҳои қалбакӣ фарқ кунанд. Ча­роғҳои ултрабунафш барои безарар гардондани об, ҳаво ва сатҳҳои гуногун, таҳлили кимиёии моддаҳо ва мине­ралҳо васеъ истифода мешаванд.
[[File:Cherenkov radiation-animation.gif|thumb|260x260px|Афканишоти Черенков (аниматсия)]]
 
=== Афканишоти сиклотронӣ (магнитотронӣ) ===
235

edits