Афканишот: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 22:
 
== Афканишоти ионзо ==
[[File:Electromagnetic-Spectrum.png|thumb|Спектр (тайф)-Ии электромагнитӣ]]
Навъҳои гуногуни микрозарраҳо ва май­донҳои физикие, ки моддаро иондор мекунанд. Навъ­ҳои асосии афканишоти ионзо афканишоти электромагнитии кӯтоҳ­мавҷ (афканишоти рентгенӣ ва гамма-афканиш) ва сели зар­раҳои заряднок: бета-зарраҳо (электронҳо, позитронҳо), алфа-зар­раҳо (ҳастаи атоми 42Не), протонҳо, дигар ионҳо, мюон­ҳо ва нейронҳо мебошанд. Дар табиат афканишоти ионзо дар на­тиҷаи коҳиши радиоактивии худ ба худи радонук­лидҳо, равандҳои ҳастаӣ (синтез ва порашавии ил­қоии ҳастаҳо, рабоиши нейтронҳо, алфа-зарраҳо ва ғайра), инчунин шитоб­ёбии зарраҳои барқанок дар кайҳон ба амал меояд. Ман­баъ­ҳои сунъии А.-и ионзо радионуклидҳои сунъӣ, реактор­ҳои ҳастаӣ, манбаъҳои радионуклидии нейтронӣ, суръат­физоҳои зарраҳои бунёдӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва ғайра ме­­бо­шанд. А.-и ионзо дар саноати вазнин (интроскопия), хӯрокворӣ (безараргардонии асбобҳои тиббӣ, мавод ва хӯрокворӣ) ва тиб (ташхис ва табобати омос) истифода мешавад.