Фарқият байни намунаҳои "Афканишот"

Аз рӯйи басомад афканишоти электромагнитиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
[[File:FarNearFields-USP-4998112-1.svg|thumb|240x240px|Афканишоти электромагнитӣ]]
[[афканишоти намоён]] (рӯшноӣ), [[афканишоти маҷ­бурӣ]] (илқоӣ), [[гамма-афканишот]], [[афканишоти инфрасурх]], [[афканишоти ионзо]], [[афканишоти микромавҷӣ]] (баландбасомад), [[афканишоти моно­хро­матикӣ]], [[афканишоти гузаришӣ]], [[радиоафканишот]] (радио­мавҷ­ҳо), [[афканишоти рентгенӣ]], [[афканишоти син­хро­тронӣ]], [[афканишоти худ ба худ рӯй­диҳанда]], [[афканишоти ҳароратӣ]], [[афканишоти тераҳерсӣ]], [[афканишоти боздоштӣ]] (тор­мозӣ), [[афканишоти ултрабунафш]], [[афканишоти сиклотронӣ]] (магнитотро­нӣ), [[афканишоти Вавилову Черенков]] ва [[афканишоти реликтӣ]] (афканишот фонии мик­ромавҷии кайҳонӣ).
 
=== Афканишоти намоён ===
Афканишоти намоён''' '''(рӯшноӣ) мавҷҳои электромагнитие ме­бо­шанд, ки чашми инсон мебинад ва онҳо дар фосилаи спектрҳои дарозии мавҷашон аз 380 нм (бунафш) то 780 нм (сурх) ҷойгиранд. Ҳангоми аз маншур (призма) гузаш­тани рӯшноӣ [[спектр]] пайдо мешавад, ки дар он афканишоти мавҷ­ҳои дарозиашон гуногун таҳти кунҷҳои гуногун мешикананд. Дар натиҷа ҳафт ранги тирукамон: сурх, но­ринҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҳосил мешаванд.
 
=== Афканишоти маҷбурӣ ===
 
=== Гамма-афканишот ===
[[Гамма]]-афканишот (гамма-нурҳо, γ-нурҳо) – афканишоти электромагнитии дарозии мавҷаш ниҳоят хурд (<5×10−3­нм), ки хосиятҳои корпускулярии он бештар ва хосият­ҳои мавҷиаш камтар зоҳир мешаванд. Ин навъи афканишотро П.[[Пол Виллард]] с.соли 1900 дар вақти таҳқиқи афканишоти радий кашф кард. [[Гамма-квантҳо]] фотонҳои баландэнергия мебошанд (>105эВ). Гамма-афканишот ҳангоми гузаришҳо байни ҳо­латҳои ангехтаи ҳастаи атомҳо (нигаред ба нақша), реаксияҳои ҳастаӣ, инчунин ҳангоми тамоюли зарраҳои барқанок дар майдон­ҳои магнитӣ ва электрикӣ ба вуҷуд меояд.
 
=== Афканишоти инфрасурх ===
Афканишоти [[инфрасурх]] – афканишоти электромагнитие, ки ҳудуди спектрии байни интиҳои ранги сурхи рӯшноӣ (λ= 0,74 мкм) ва афканишоти микромавҷӣ (λ ~ 1–2 мм)-ро ишғол мекунад ва онро атом ё ионҳои ангехта меафкананд. Афканишоти инфрасурхро соли 1800 ахтаршиноси англис У.[[Вилям Ҳершел]] кашф кард. Афканишоти инфрасурхро афканишоти ҳароратӣ низ меноманд, чунки афканишоти инфрасурхи ашёи тафсидаро пӯсти инсон ҳамчун гармӣ эҳсос мекунад. Афканишоти инфрасурхро дар тиб низ истифода мебаранд. Онҳо ба организми одам таъ­сири мусбат расонда, ҳаракати хунро беҳтар мекунанд, мубодилаи моддаҳоро тақвият дода, рагҳои хунгардро васеъ менамоянд. Диоду фотодиодҳои инфрасурх дар во­ситаҳои идоракунии фосилавӣ, силсилаҳои худкор (сис­темаҳои автоматика) ва посбонӣ истифода мешаванд. Афканишоти инфрасурхро дар саноат барои хушкондани сатҳҳои рангкардашуда, пешгирии зангзанӣ, гарм кардани бино­ҳо ва ғайра ба кор мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ афканишоти инфрасурхро барои безарар гардондани маводди ғизоӣ ва хушкондани ғалладона истифода мекунанд.
 
== Афканишоти ионзо ==
[[File:Electromagnetic-Spectrum.png|thumb|Спектр (тайф)-и электромагнитӣ]]
Навъҳои гуногуни микрозарраҳо ва май­донҳои физикие, ки моддаро иондор мекунанд. Навъ­ҳои асосии афканишоти ионзо афканишоти электромагнитии кӯтоҳ­мавҷ (афканишоти рентгенӣ ва гамма-афканиш) ва сели зар­раҳои заряднок: бета-зарраҳо (электронҳо, позитронҳо), алфа-зар­раҳо (ҳастаи атоми 42Не), протонҳо, дигар ионҳо, мюон­ҳо ва [[нейрон|нейронҳо]] мебошанд. Дар табиат афканишоти ионзо дар на­тиҷаи коҳиши радиоактивии худ ба худи радонук­лидҳо, равандҳои ҳастаӣ (синтез ва порашавии ил­қоии ҳастаҳо, рабоиши нейтронҳо, [[алфа-зарраҳо]] ва ғайра), инчунин шитоб­ёбии зарраҳои барқанок дар кайҳон ба амал меояд. Ман­баъ­ҳои сунъии А.-иафканишотии ионзо радионуклидҳои сунъӣ, реактор­ҳои ҳастаӣ, манбаъҳои радионуклидии нейтронӣ, суръат­физоҳои зарраҳои бунёдӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва ғайра ме­­бо­шанд. А.-иАфканишотии ионзо дар саноати вазнин (интроскопия), [[хӯрокворӣ]] (безараргардонии асбобҳои тиббӣ, мавод ва хӯрокворӣ) ва тиб (ташхис ва табобати омос) истифода мешавад.
 
=== Афканишоти микромавҷӣ ===
Афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад) – афканишоти электро­магнитие, ки соҳаи радиомавҷҳои сантиметрӣ ва миллиметриро дар бар мегирад (дарозии мавҷҳо аз 30 см то 1 мм, басомад аз 1 ГҲс то 300 ГҲс). Афканишоти микромавҷӣ барои бетамос гарм кардани ҷисмҳо (дар тафдонҳои микро­мавҷии маишӣ ва саноатӣ), радиолокатсия ва воси­таҳои алоқа (ратсияҳо, телефонҳои шонӣ, таҷҳизоти [[Bluetooth]] [[WiFi]] ва [[WiMax]]) истифода бурда мешаванд.
 
=== Афканишоти монохроматикӣ ===
 
=== Афканишоти гузаришӣ ===
Афканишоти гузаришӣ – афканишоти электромагнитие, ки ҳангоми гузариши зарраи барқанок аз сарҳадди қисмати ду му­ҳити нишондиҳандаҳои шикасташон гуногун ба вуҷуд меояд. Ин падида соли 1945 аз тарафи В.[[Вита́лий Л. ГинзбургЛа́заревич Ги́нзбург]] ва И. М.[[Иля Михайлович Франк]] пешгӯӣ ва дар таҷриба соли 1958 кашф шуд.
 
=== Радиоафканишот ===
 
=== Афканишоти рентгенӣ ===
Афканишоти рентгенӣ (нурҳои рентгенӣ) – афканишоти электро­магнитие, ки энергияи фотонҳояшон дар ҷадвали энер­гетикӣ байни афканишотии ултрабунафш ва гамма-афканишот ҷойгир буда, дарозии мавҷаш аз 10−12 то 10−7 м баробар аст. Афканишоти рентгениро соли 1895 олими олмонӣ В.[[Вилҳелм К.Конрад Рентген]] кашф карда, «икс-нурҳо» («Х-нурҳо») номид ва барои ин кашфиёт ба [[Мукофоти нобелӣ]] сазовор гашт (1901). Соли 1896 дар [[Россия]] физикдон А. Ф.[[Абра́м ИоффеФёдорович Ио́ффе]] (шогирди В. К. Рентген) пешниҳод кард, ки Х-нурҳо «нурҳои рентгенӣ» номида шаванд. Нурҳои рентгенӣ ҳангоми шитоби калони зарраҳои барқанок (афканишот боздоштӣ) ё ҳангоми гуза­ришҳои баландэнергия дар қабатҳои электронии атому молекулаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳар дуи ин падида дар най­чаҳои рентгенӣ истифода мешаванд. Афканишоти рентгениро дар суръатфизои зарраҳои барқанок низ ҳосил кардан мумкин аст. Дар табиат афканишоти рентгенӣ дар натиҷаи иондоршавии атомҳо ҳангоми коҳиши радиоактивӣ, инчунин ба воситаи афканишоти кайҳонӣ пайдо мешаванд. Нурҳои рентгенӣ ионзо буда, аз қабати моддаҳо мегузаранд. Аз ин рӯ, онҳо ба организми инсон таъсир намуда, сабабгори касалии шуоӣ, сӯхтаи шуоӣ ва омоси саратон мегарданд. Дар навбати худ моддаҳо нурҳои рентгениро ба ҳар навъ фурӯ мебаранд.
 
'''Нурҳои рентгенӣ''' дар тиб барои ҳосил кардани тасвири [[устухон|устухонҳо]] ва узвҳои дохилии инсон, табобати [[омос]] ва касалиҳои пӯст истифода мешаванд. Дар саноат бо ёрии афканишоти рентгенӣ нақсҳои маҳсулотро муаяйн мекунанд. Дар маводшиносӣ, булӯршиносӣ (кристаллография), [[кимиё]] ва [[биохимия]] нур­ҳои рентгенӣ барои муайян кардани сох­тор ва таркиби кимиёии [[модда]] истифода бурда мешаванд (масалан, сохтори ДНК). Дар фурудгоҳу вокзалҳо мавҷуди­я­ти маводди оташангез, хатарнок ва мамнӯъ дар бағочи мусофирон бо интроскопҳои рентгенӣ муайян карда мешаванд.
 
=== Афканишоти синхротронӣ (магнитбоздоштӣ) ===
 
=== Афканишоти ултрабунафш ===
Афканишоти электромагнитие, ки байни ҳудудҳои афканишоти бунафш, интиҳои афканишоти намоён ва рент­генӣ ҷойгир аст (ҳудуди басомадаш аз 7,9×1014 то 3×1016Ҳс, дарозии мавҷаш аз 380 то 200 нм). Ин ҳудуд шартан ба ултрабунафши наздик (380–200 нм) ва дур ё вакуумӣ (200–10 нм) тақсим мешавад. Афканишоти ултрабу­нафш­ро соли 1801 И.[[Иоҳан В.Вилҳелм Риттер]] кашф кард. Манбаи асосии табиии афканишоти ултрабунафш дар Замин Офтоб аст. Ман­баъҳои сунъии афканишоти ултрабунафш чароғҳои махсус ва ла­зерҳо мебошанд. Афканишоти ултрабунафш ба организми инсон таъсири мусбат ва манфӣ дорад. Таҳти таъсири ин нурҳо рагҳои хунгард васеъ шуда, мубодилаи мод­даҳо меафзояд, истеъмоли оксиген беҳтар шуда, нафас­кашӣ осон мегардад, витамини D тавлид мешавад, ки он устухону му­шакҳоро мустаҳкам мекунад ва ғайра Истеъмоли зиё­ди нур­ҳои ултрабунафш ба пӯст ва чашм зарар мерасонад. Зери таъсири афканишоти ултрабунафш полимерҳо тез фарсуда шуда, мӯҳлати истифодаи маводди полимерӣ кам мегардад.
 
'''Афканишоти ултрабунафш''' дар ҳаёти ҳаррӯза васеъ истифода мешавад. Барои нусхаи аслиро аз қалбакӣ фарқ кардан дар шиносномаҳо, пулҳо ва кортҳои маблағдори бонкҳо ишораҳои ултрабунафш мегузоранд, то бо ин нурҳо ни­го­раҳои аслиро аз нигораҳои қалбакӣ фарқ кунанд. Ча­роғҳои ултрабунафш барои безарар гардондани об, ҳаво ва сатҳҳои гуногун, таҳлили кимиёии моддаҳо ва мине­ралҳо васеъ истифода мешаванд.
 
=== Афканишоти Вавилову Черенков ===
Ё падидаи Вавилову Черенков – шуоъафкании зарраи барқанокро гӯянд, ки ҳан­гоми дар муҳити шафоф бо суръати калонтар аз суръати паҳншавии рӯшноӣ (дар ҳамин муҳит) ҳаракат карданаш ба амал меояд. Ин афканишот соли 1934 аз ҷониби олими рус П.[[Па́вел А. ЧеренковАлексе́евич Черенко́в]] таҳти роҳбарии С. И.[[Серге́й ВавиловИва́нович Вави́лов]] кашф шудааст.
 
== Афканишоти реликтӣ ==
235

edits