Файзалӣ Ҳасанов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
→‎Манбаъ: пайвандҳои марбут гузошта шуд
х иловаи акс
Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ= Файзалӣ Ҳасанов
|Номи аслӣ= Файзалӣ Ҳасанов
|Акс= noimageFayzali Hasanov.gifjpg
|Зодрӯз= [[19 июн]]и [[соли 1948]]
|Зодгоҳ= [[ноҳияи Шӯрообод]]
Сатри 11:
'''Файзалӣ Ҳасанов''' – сароянда, оҳангсози суннатӣ, [[Ҳофизи халқии Тоҷикистон]].
== Ҳолнома ==
Файзалӣ Ҳасанов [[19 июн]]и [[соли 1948]] дар [[ноҳияи Шӯрообод]]и [[вилояти Хатлон]] дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Аз синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ ба [[Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов|Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе]] дохил шуда, соли 1968 онро бо ихтисоси ғиҷҷак хатм мекунад. Пас аз хатми омӯзишгоҳ соли 1968 ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории шаҳри [[Душанбе]] (айни ҳол [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]) дохил шуда, соли 1972 онро бо ихтисоси корҳои маданӣ-маърифатӣ ва муаллими мактаби мусиқӣ ба итмом мерасонад.
Соли 1972 бо роҳхати Донишкада ба ноҳияи Москва (ҳоло [[ноҳияи Ҳамадонӣ]]) баргашта, ба сифати омӯзгор, муовини директори мактаб ва ҳамзамон ҳунарманди Театри халқии ноҳия кор мекунад.
Ҳанӯз овони таҳсил дар Донишкада Ф.Ҳасанов дар озмуну фестивалҳои байни донишкадаҳо дар ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, шаҳри Москва ширкат варзида, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо гардидааст.
Тӯли солҳои 1975 – 2004 ба ҳайси роҳбари бадеии Театри халқии ноҳия, роҳбари мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Москва (ҳоло [[ноҳияи Ҳамадонӣ]]) фаъолият менамояд.
Аз соли [[2004]] бо даъвати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари дастаи ҳунарии «Дарё» ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Айни замон Ф. Ҳасанов ба ҳайси омӯзгор ва сарояндаи ансамбли давлатии «Фалак» кор мекунад.
Тӯли фаъолияти эҷодии хеш Ҳасанов Ф. ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Франсия, Россия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Германия, Ҳиндустон, Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
==Эҷодиёт==
Аввалин суруди хешро соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин таҳти унвони «Суруди комсомол» эҷод намудааст.