Факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х {{асос|Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров}}
Сатри 14:
''' Факултети санъат яке аз факултаҳои [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров| ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]]''' мебошад. Таъсиёби - соли [[1993]]. Декани факултет ''' дотсент Аминҷонов Р. Н.''' аст.
==Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият==
Факултаи санъати [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров| ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]] (ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[23 июн]]и соли [[1993]]) дар шаҳри [[Хуҷанд]] ташкил шудааст. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои гуногуни таърих ва ҳунари санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромӯзии факултаро дарбар мегирад. Дар таъсиси факултаи санъат ҳамчун муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд АМҶТАкадемияи мусиқии ҶТ) мутахассисони варзида – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор [[Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич]], профессор [[Муродов Рауф Муродович]], профессор [[Алиев Умар Алиевич]] ҳамчун ташаббускор иқдом намудаанд. Минбаъд олимони шинохта – мусиқишиносон н. и. с. [[Фирӯз Ӯлмасов]], Ф. А. н. и. с.[[Абдувалӣ Абдурашидов]], А. А. ва ҳофизони варзида, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС профессор [[Ҷӯрабек Муродов]], Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон профессор [[Боймуҳаммад Ниёзов]], оҳангсоз [[ Шарофиддин Сайфиддинов]], сароянда [[Даврон Алиматов]], Ҳофизони халқии Тоҷикистон [[Маъруфхоҷа Баҳодуров]], [[Абдураҳим Шерматов]], мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ [[Юсуфҷон Бобоҷонов]], ғижжакнавозғиҷакнавоз Сайдулло Убайдуллоев ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони хунармандон саҳми арзанда гирифтанд.
 
Дар ибтидо дар АМАкадемияи мусиқии ҶТ шӯъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМ ҶТ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат Абдурашидов А., Тоҷикова З., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Юнусов Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷӯ қабул гардиданд. Соли [[1995]] шӯъбаи рассомӣ, соли таҳсили 1995-1996 шӯъбаи хониши академикӣ, соли [[2002]] шӯъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарманди шоистаи ҶТ Барзу Абдураззоқов ба фаъолият оғоз намуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд (№294 аз [[17 июл]]и соли [[1996]]) муассисаи таълимии АМАкадемияи мусиқии ҶТ барҳам дода шуда, ба ҷои он аввал факултаи санъат дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва аз соли [[2001]] факултаи санъати [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] фаъолияти таълимиро идома дода истодааст.
Сарварии факултаро аз соли 1993 то 2001 н. и. с., Ҳакимов Н.Ғ., аз соли 2001 то моҳи январи соли 2012 дотсент Ҷӯраев Ғ. Ҳ. ва аз 20 январи соли 2012 н. и. т., дотсент Аминҷонов Р. Н. бар ӯҳда доранд. Lар факулта 4 кафедра ва 7 шӯъба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-эҷодӣ мебаранд: кафедраи санъати мусиқии анъанавӣ, кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ, кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ.
Дар факулта дар солҳои гуногун хунармандони варзидаю шинохтаи ҷумҳурӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият доштанд. Имрӯзҳо низ устодони шинохта Ҳунарпешаи халқии Точикистон Даврон Алиматов, Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Юсуфҷон Бобоҷонов, муҳаққиқон-олимони мусиқии точик н. и. с. [[Наим Ҳакимов]] Н. Ғ., н. и. с. [[Султоналӣ Худойбердиев С.]], н. и. т. Аминҷонов Р. Н., н. и. п. Ашӯров М. фаъолият доранд. Актёрони ҷавон бо роҳбарии профессор [[Умар Алиев]] сайқали ҳунар менамоянд. Дар кафедраи санъати тасвирӣ дотсентон Ҷӯраев Ғ. Ҳ., Ашӯров М. Ҷ. ва дигарон ба тарбияи мутахассисон-рассомони касбӣ машғуланд. Имрӯзҳо намунаҳои эҷодии онҳо тамоми гӯшаю канори чумҳуриро зеб медиҳанд.
 
== Дастпарварони факулта ==
Дар тӯли фаъолияти факултаи санъат мутрибону сарояндагони варзидаи мусиқии классикии «Шашмақом» ин даргоҳи илму ҳунарро хатм намудаанд, ки имрӯз на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он бо ҳунарашон боиси ифтихор гаштаанд ва мусиқии устодонаи тоҷикро ба шунавандагони минтақаҳои гуногуни ҷахон муаррифӣ менамоянд. Дар ин радиф дорандагони Ҷоизаи байналмилалии «Грэмми», сарояндагон – Насиба Омонбоева, Хуршед Иброҳимов, Зумрад Самиҷонова (шодравон), Камолиддин Ҳамдамов ва дуторнавози мумтоз, ҷоизадори чандин озмунҳои байналхалқии мутрибон Ҷӯраев С. ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст.