Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Саройҳо: илова
хNo edit summary
Сатри 21:
Бинобар ин метавон ташхис дод, ки кадом қисмати аз шаҳри ҷадид бо "Шаҳристон"-и қадим мутобиқат дорад. Тибқи нақшае, ки Хоникӯф ба даст дода, ин бахш муртафаъи шаҳр ҳудуди ду баробар бузургтар аз Куҳандиз будааст. Об мавриди ниёзи дигар нуқот, аз рӯди бузург (Зарафшон) ки аз [[Самарқанд]] ҷараён меёфт, таъмин мешуд ва ҷӯйҳое аз он дар шаҳр сарчашма мегирифт , ки ба гуфтаи [[Абубакри Наршахӣ|Наршахӣ]] бархе аз онҳо дар давраҳои пеш аз Ислом сохта шуда буд. Бисёре аз номҳои он шӯъбаҳо то кунун боқӣ мондааст.
 
=== Табиат ва зиндагии сокинон===
Интиҳои рӯди Зарафшон аз миёни Рабз ва бозорҳои он мегузашт ва ба осиёҳо ва киштзорҳо мунтаҳо мешуд ва поёноби он дар обгире, ки то Фирабр ҷорӣ шавад, паҳн шуда ва "Сомхош" ном дошт, мерехт. Заминҳои Бухоро ҳама аз оби ин рӯд баҳраманд мешуд. Хонаҳои деҳаҳои Бухоро ба ҳам пайваста, ба андоза ва аз сатҳи замин баланд. буд. Дар даруни Бухоро кӯҳ ва биёбон набуд ва наздиктарин кӯҳ ба он ҷо Варака ном дошт, ки санг барои сангфарши сохтмонҳои шаҳр ва низ гил барои сохтани зуруф ва оҳак ва гаҷро низ аз он ҷо меоварданд . Дар хориҷи боруи Бухоро маъданҳои намак қарор дошт, ва ҳезум барои сӯхт аз боғҳо ва саҳроҳо фароҳам мешуд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бухоро"