Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манобеъ: иловаи гурӯҳ
No edit summary
Сатри 24:
Интиҳои рӯди Зарафшон аз миёни Рабз ва бозорҳои он мегузашт ва ба осиёҳо ва киштзорҳо мунтаҳо мешуд ва поёноби он дар обгире, ки то Фирабр ҷорӣ шавад, паҳн шуда ва "Сомхош" ном дошт, мерехт. Заминҳои Бухоро ҳама аз оби ин рӯд баҳраманд мешуд. Хонаҳои деҳаҳои Бухоро ба ҳам пайваста, ба андоза ва аз сатҳи замин баланд. буд. Дар даруни Бухоро кӯҳ ва биёбон набуд ва наздиктарин кӯҳ ба он ҷо Варака ном дошт, ки санг барои сангфарши сохтмонҳои шаҳр ва низ гил барои сохтани зуруф ва оҳак ва гаҷро низ аз он ҷо меоварданд . Дар хориҷи боруи Бухоро маъданҳои намак қарор дошт, ва ҳезум барои сӯхт аз боғҳо ва саҳроҳо фароҳам мешуд.
 
Муқоисаи гузоришҳои ҷуғрофинигорони мусалмонмусулмон бо васфи шаҳри ҷадид, ки ба вижа дар асари Хоникӯф омадааст, ба хубӣ нишон медиҳад, ки дар Бухоро бар хилофи Марв, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо, дар айни васеъгардонии масоҳати шаҳр, ҷобаҷогузорӣ ба хубӣ сурат нагирифта ва шаҳр пас аз вайронӣ ҳамеша дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шакл садаи саввуми қамарӣ бозсозӣ шуда ва боқӣ мондааст.
 
Шаҳри Бухоро бо ҳавои намноки худ пурсохтмонтарин ва аз лиҳози вусъат пурҷамъияттарин ва ободтарин шаҳр дар саросари Хуросон ва Мовароуннаҳр буд ва ҳар рӯз густариши бештар меёфт. [[Мақдисӣ]] машрӯҳтарин васфро аз зиндагии шаҳр дар онҷо ба даст додааст. Ба гуфтаи вай, Бухоро шаҳре будааст бо хиёбонҳо ва бозорҳои фарох, ҳаммомҳои некӯ, оби сабук, хӯрокҳои гуворо, меваҳои бисёр ва зиндагии роҳат. Мардум сахт ба маҷолис ва гирдиҳамоиҳо пойбанд будаанд ва тӯдаи мардум бо илму адаб сарукор доштаанд. Молиётситон ва ушриягир дида намешуд ва ҳама аз доду гири амир хушнуд буданд ва дар амнияту осоиш зиндагӣ мекарданд. Бо ин ҳол, вай он ҷоро аз лиҳози олудагӣ чун Фустот ва дар меъморӣ, тангии хонаҳо ва фаровонии балкунҳо чун Димишқ хондааст. Дар он ҷо оташсӯзи бисёр, бӯйи уфунат, пароканда ва фасоди ҷинсӣ ошкор буд. Мардумоне ба Бухоро муҳоҷират карда буданд, ки фасоду бадмуомилагиро ошкор, ва риборо мубоҳ карда ва дар ҷамоот сустӣ меварзиданд. Насли нав падид омада буданд, ки ҳарир ва дебо мепӯшиданд ва дар зарфҳои тилло ва нуқра мехӯрданд ва дар амри дин бетаваҷҷӯҳ буданд. Изҳороти Мақдисӣ дар ҳудуди солҳои 370 ҳ.қ. бо матолиби фақеҳи Ҳанафӣ [[Абу Лайси Самарқандӣ]] ( 373қ) дар "Бустон-ул-орифин" ва "Танбеҳ-ул-ғофилин", дар ишора ба ривоҷи фасод ва бебандубории иҷтимоъӣ дар охирҳои давраи Сомониён ҳамхонӣ дорад.
 
Бархе аз ин мушкилоти шаҳрӣ аз бадви истиқрори Сомониён таваҷҷуҳ ҷалб мекард. Амир Исмоил ибни Аҳмад тангӣ ва касифии дохили Бухороро дар муқоиса бо назоҳат ва хуррамии атрофи он чун одаме дониста, ки даруни зишт ва зоҳири зебо дорад. Ин масъала дар шеър низ ифода ёфтааст..Аввалин касе, ки дар ҳаҷв ва накӯҳиши Бухоро, васфи тангӣ ва касифии он сухан гуфт ва дигарон аз ӯ пайравӣ карданд, Абӯ Таййиби Тоҳирӣ буд. Ӯ гуфтааст:"Бухоро аз Хироъ (касофат) аст ва дар маҳдудаи он (ҳудуд, ба маънои саросари он ) чизи пок ва тамйизе ёфт намешавад ва иқомати амир дар он ҷо танҳо мояи фахри заифон аст". Ҳам ӯ гуфтааст: "Бухоро! Эй зани зиштрӯй, ҳама чизи ту вожгун аст". АбӯАбу Аҳмад ибни АбӯбакриАбу Бакри котиб низ гӯяд: "Агар аспи асил ба Бухоро дарояд, улоғ шавад!".
 
Истифода аз чӯб дар сохти хонаҳои Бухоро ва пайвастагии онҳо, ки пеш аз ин ёд шуд, боиси ҳодисаҳои пайдарпайи сӯхтор мешуд, ба гунае, ки Мақдисӣ инро аз уюби аслии шаҳри муҳим чун Бухоро донистааст. Пеш аз истиқрори амир Исмоил ибни Аҳмад дар Бухоро, дар ҷараёни ҳамлаи Ҳусайн ибни Тоҳири Тоӣ дар соли 260ҳ.қ. шаҳри Дастихуш қатлу ғорат шуд ва бахши васеъе (ду донг) аз он сӯхт. Нуршахӣ аз ду оташсӯзи азим дар ҳудуди 314 ҳ.қ .ва дар раҷаб 325 ёд карда, ки маҳаллаи Гардункушон ва маҳаллаи Дарвозаи Самарқандро ба коми худ гирифт ва дар ҳодисаи ахир, тимчаҳои бозор, мадрасаи Форҷак ва масҷиди Мох, ҳама сӯхт.<ref> [http://www.farhangiston.org/%D1%82%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%85-%D0%B2%D0%B0-%D1%82%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%B4%D1%83%D0%BD/%D1%82%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%85-%D0%B2%D0%B0-%D1%84%D0%B0%D1%80%D2%B3%D0%B0%D0%BD%D0%B3%D0%B8-%D0%B1%D0%B0%D1%88%D0%B0%D1%80%D3%A3/65-%D0%B1%D1%83%D1%85%D0%BE%D1%80%D0%BE-%D2%9B%D0%B8%D1%81%D0%BC%D0%B8-2 Васфи шаҳри Бухоро]</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бухоро"