Шаҳри бостонии Панҷакент: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Иловаи акс
х →‎Таърих: илова
Сатри 13:
 
==Таърих==
Бо нест шудани [[Саразм]] шаҳрсозӣ дар [[Суғд]] қатъ намегардад, балки дар гирду атрофи [[Самарқанд]] чандин шаҳристону деҳоти бузург бунёд намешаванд. Яке аз чунин шаҳрҳо, ки ҳоло дар территорияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷой гирифтааст, [[Панҷакент]] мебошад. Лекин Панҷакенти кӯҳан таърихи беш аз 1,5 ҳазорсола дорад ва пеш аз бармало шудани дини мубини ислом дар асрҳои V-VIII обод шудааст.
 
Соли [[1947]] Александр Маркович Беленитский бо роҳбарии [[Александр Юрьевич Якубовский]] ба омӯзиши мавзеи [[шаҳраки Панҷакенти қадим]] шурӯъ намуд ва аз соли 1954 сарварии корҳои бостоншиносии Панҷакентро ба ӯҳда гирифт. Осори ҳунари наққошӣ ва рассомӣ, нақшҳо дар чӯб, муҷассамаҳо аз гил ва ғайра, ки дар ҳафриёти экспедитсияи Панҷакент дастрас гардиданд, намоёнгари ғановати тамаддуни [[Суғд]] мебошанд, ки дар силки офаридаҳои санъати ҳунарии умумибашарӣ ҷой гирифтанд ва намунаҳояшон ба табъ расиданд. Дар мавзӯи Панҷакенти қадим чун шаҳр [[Беленитский]] рисолаи докторӣ дифоъ кард.
==Панҷакенти бостонӣ==
Панҷакенти бостонӣ дорои ҳама чор рукни шаҳрдорӣ мебошад. Ҳоло аз зери хок деворҳои хонаҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ибодатгоҳҳо баъзан-баъзан падид меоянд. Панҷакент - аз шаҳрҳои шарқии суғдзамин, тобеъи шаҳри Самарқанд будааст. Дар аҳди Деваштич ин маркази шоҳигарӣ то дараҷае рушд мекунад, ки ба маркази Суғд шаҳри Самарқанд гардан намедиҳад, балки даъвои тобеъ кардани [[Самарқанд]]ро мекунад. Дар шаҳри Панҷакент мардуми суғд ба сар мебурдаанд ва бо забони суғдӣ муошират мекарданд. Кофтуковҳои археологӣ танҳо дар нисфи шаҳр сурат гирифтааст ва то ҳол идома доранд. Дар натиҷа қалъаи ҳокимнишин, ду ибодатгоҳ бо саҳни ҳавлӣ дар маркази шаҳр кӯчаи асосӣ ва даҳ кӯчаи тангкӯча, раставу дӯконҳои ҳунармандӣ, бозорҳо деворҳои дифоъии калъа ру заданд. Аён аст, ки дар ин шаҳр ғолибан ашрофзодаҳо зиндагӣ мекардаанд. Аммо бар ба барии эшон пешаварони қаторӣ ҳам фаъолият менамуданд. Хонаҳои истиқоматӣ аз ду ва се ошёна иборат буд. Аз эҳтимол дур нест ки дар ин шаҳр савдогарон ҳам иқомат доштаанд ва тиҷоратро тавассути корвон аз Чин то ба Рум тавассути роҳи абрешим ба роҳ мондаанд. Деворҳои ғафсу устувор, тангкӯчаҳои байни иморатҳо имкон медиҳад, ки мардум дар ин ҷо анборҳои ду қабата бино кунанд, ки гандумҳои хешро он ҷо маҳфуз медоштаанд. Ҳар як шаҳри толори меҳмонқабулкунӣ дошт, ки бо рангу реби хоси мардуми шарқ, кандакорӣ ва деворҳои он наққошӣ шуда буданд. Ҳар яки он мекӯшид, то меҳмонхонаи худро ба монанди қасри подшоҳ тамиз кунад, ки ин аз фарҳанги баланд доштани сокинони маҳаллист. Ҳоло аз чунин бозёфтҳо бештарашон дар осорхонаҳои бузурги худи ш.Панҷакент, ш.[[Душанбе]] ва эрмитажи ш.[[Санкт Петербург]] маҳфузанд.
 
Line 26 ⟶ 28:
Бозёфти Панҷакенти кӯҳна барои таърихи Тоҷикистон дастоварди беназир аст, чунки нигораву ёдгориҳо адабиёт, фолклор, расму ойини гузаштаи халқи тоҷикро инъикос мекунад ва боз як далелест барои ғуруру ифтихор!<ref> [http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина]</ref>
 
==Пайвандҳои беруна==
<references />