Шӯриши Восеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Шӯриши [[Восеъ]]: бот ислоҳ карда истодааст, replaced: рохи → роҳи
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Шӯриши [[Восеъ]]: бот кор карда истодааст., replaced: Шарк → шарқ, хои → ҳои (2), халк → халқ
Сатри 9:
Ҳамаи ин шӯришу ошубҳо барои ҳаракати азиме ки, соли 1888 бекии [[Балҷувон]]ро фаро гирифт, гуё заминае тайёр карда буд. Ин шӯриш бо номи шӯриши Восеъ маъруф гаштаст.
Сабаби шӯриш он буд, ки мувофики талаби амалдорони амир деҳконон мебоист аз ҳосили яксола хироҷи на танҳо соли ҷори, балки хироҷи солҳои пешинаи беҳосилро ҳам диханд. Иҷрои ин кор дар асл деҳконон ва аҳли оилаи онҳоро ба гуруснаги мерасонид. Бинобар он бо сардории Восеъ деҳконони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдор дарафтоданд, ҳавлиҳоии дигар ашрофро ба хок яксон сохтанд. Восеъ ба музофоти [[Балҷувон]]у [[Кӯлоб]] одамони худро фирисод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай хамрох шаванд. Садхо ҷабрдидагон дар атрофи сардори худ ҷамъ омаданд. Мардуми ҷамъ омада бо сардории Восеъи ҷувозкаш роҳи [[Балҷувон]]ро пеш гирифт. Гуфтушуниди амалдорони Бек бо шуришчиен натиҷа набахшид. Бек хост бо хамлаи ногахони шуришро пахш кунад. Вале ба Восеъ муясар мешавад, ки сарбозонро гурезонда, калъаи Бекро ишгол намояд. Шуришгарон бегунохонро аз зиндони Бек раҳо доданд. Баъд курхонаи калъаро кушода, аслихаро байни худ таксим намуданд. Се шабонаруз калъаи [[Балҷувон]] дар дасти шуришгарон буд. Хатои калони Восеъ хамин шуд, ки шуришчиен аз галабаи худ мамнун шуда, кадаме аз Балҷувон берун намонданд. Аз фурсат истифода намуда, хокими [[Балҷувон]] ба Кангурт расид ва аз он ҷо истода, аз хокимони [[Кӯлоб]]у [[Хисор]] имдод талабид. Инчуни Беки мазкур сарбозони парокандагаштаи худ ва ононе, ки бар зидди дехконони шуришгар буданд, ҷамъ карда, ба сари Балҷувон тохт ва калъаро гирфт.
Восеъ ҳануз таслим намешуд. Ӯ муборизаро давом дода, Кангуртро ишгол кард. Дар инҷо деҳконони Кангурт Кизилмазорро ҷамъ намуда, Восеъ бори дуюм калъаи Балҷувонро ишгол намуд. Шуришгарон на факат ба [[Балҷувон]] , балки ба [[Ховалинг]]у [[Кангурт]]ро хам сохиб шуданд. КомебихоиКомебиҳои шӯришгарон муборизаи оммаи халкхалқ ба зидди амалдорон ва сарватмандон решахоирешаҳои тартибоди феодалиро ба ларза овардаанд. Аз хусуси шуриши деҳконон тахти рохбарии Восеъ амири [[Бухоро]] ҳатто ба генерал–губернатори Туркистон ҳам хабар медиҳад. Аз [[Бухоро]] ба суи [[Балҷувон]] лашкар фиристода мешавад. Ба кувваҳои мутаҳидаи ҳарбии Бекҳо муяссар мешавад, ки шуриши деҳкононро ба сардории Восеъ пахш кунанд. Ҳамсафони наздики Восеъ захмдор ё дар корзор ҳалок шуданд. Восеъ баъди шикастхўриҳои Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо отряди камшумори боқимондааш ба сўи деҳаи Сарипул (шимолу Шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қўшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шўришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқўъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхўрї, аввал ба деҳаи Гулдара, баъд ба кўҳҳои Девлох, ба чарогоҳи Буздара гурехт. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким аллакай интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ўро аз он љо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Останақул қушбегї вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанўз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Восеъро ишкелбанд карда, ба Ҳисор равон намуданд. Восеъ дар назди амир, ки дар Шаҳрисабз меистод, ба дор кашида шуд.
Аммо на ба дор кашидани Восеъ ва на ҷазои вахшиёнаи шуришчиён пеши роҳи муборизаи деҳконон ва косибонро гирифта натавонист. Дар дигар музофотҳои Бухорои Шаркишарқи борҳо шуришҳои меҳнаткашон сар зада буд. Мутассифона шуришҳои, халқи дар асри ХIХ чун асрҳои пешина, номуташакилона ва пароканда буданд, роҳбарони саводнок ва таҷрибадор надоштанд. Аз ҳамин сабаб доим шикаст мехурданд. Бо вуҷуди он шуришҳои беш аз пеш ба решаи сохти аморат теша мезаданд.
 
Халқи тоҷик дар бораи корнамои ва муборизаи дехқонон бар зидди золимон бисёр қиссахо, хикоя ва шеърхо офарида аст. Инчунин дар бораи диловарии Восеъ ва шарикони қахрамони ӯ дар забони халқ бисёр шеъру достонҳо боқи мондаанд: