Пиряхи Ванҷях: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
х Вироиши 90.35.170.112 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Ibrahim анҷом дода буд
Сатри 12:
 
== Таназзули пирях==
[[Акс:1982 expedition to Tartu Ülikool 350 (07).jpg|thumbnail]]
Айни замон пиряхи Федченко соле бо суръати 10–16 м. таназзул ёфта истодааст. Дар 10 соли охир ин пирях беш аз 1 км. кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 м. паст фаромадааст. Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Федченко аз танаи асоси ҷудо шуда, мустақил гаштаанд. Ин вазъият аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад. Нақшагириҳои топографии солҳои 1945–1949, аксҳои кайҳонии соли 1985 ва 2002 ва муқоисаи байни онҳо нишон дод, ки пирях дар ҳолати таназзул қарор дорад.
Айни замон 11 шохаи пиряхи Федченко аз танаи асосии пирях ҷудо шуданд. Мушоҳидаи байни солҳои 1928 – 1968 собит намудаанд, ки пирях ба андозаи 460 м. коҳиш ёфтааст. Агар ин рақамро ҳамчун асоси боэътимод қабул намоем, он гоҳ пиряхи Федченко ба ҳисоби миёна соле ба андозаи миёна 10,4 м. кӯтоҳ шудааст. Агар ин раванд дар солҳои минбаъда давом ёфта бошад, пас соли 2005 ба андозаи 384,8 м. кӯтоҳ ва ё нисбат ба нишондиҳандаи аввала 844,8 м. коҳиш ёфтааст ва ин ҷараён дар замони мо идома дорад.