Абдураҳмон Бухоризода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои
Сатри 12:
==Ҳолнома==
Дар оилаи маорифпарвари тоҷик Мирзо Бухорӣ ба дунё омадааст. Дар курси дусолаи муаллимтайёркунии [[Самарқанд]] хондааст (1924-1926), Институти маорифи [[Тошканд]]ро хатм кардааст (1928). Ҳамон сол бо роҳхати Комиссариати маориф ба [[Тоҷикистон]] омадааст: муаллими забон ва адабиёти тоҷики Мактаби марказии ҳизбӣ, мудири кафедраи Мактаби олии коммунистӣ (1928-1934), роҳбари Саруправленияи санъат [[ҶШС Тоҷикистон]], муҳаррири масъули рӯзномаи “Барои маорифи коммунистӣ” (1934-1936), директори Институти педагогии ғоибона (1936-1938), муаллим ва директори аввалин мактаби миёнаи ш. [[Сталинобод]] (1938-1941), сардори Управленияи мактабхо, ҷонишини Комиссари маорифи халқи [[ҶШС Тоҷикистон]] (1941-1944), муҳаррири гурӯҳи нашрияи Совети Комиссарони Халқи [[СССР]] дар [[Москва]] ва дар айни замон Институти забон ва мафкураи АИ СССР (1944-1946), муҳаррири масъули рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (1946-1948), мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷикии Институти такмили ихтисоси муаллимон, декани факултети таъриху филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |УДТ]] (ҳоло – ДМТ) ба номи В.И.Ленин (1948-1959). Дар давраи роҳбарии ӯ, аксар олимону адибони шинохтаи Тоҷикистон дар факулта таҳсил намуда аз ӯ дарс омӯхтаанд. Минбаъд, ӯ дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |УДТ]] ҳамчун профессор, фаъолияти омӯзгориашро то миёнаи солҳои 80 давом додааст.
Аз соли [[1959]] то [[1962]] – мудири сектори луғати Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон| АИ Тоҷикистон]].Аз соли [[1962]] то охири умр фаъолияти илмиву педагогиашро дар[[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |УДТ]] ба номи В.И.Ленин идома додаст. [[24 сентябр]]и [[1987]]дар ш. [[Душанбе]] вафот кардааст.
 
== Осори илмӣ ==
Муаллифи аввалин ду китоби дарсӣ барои синфҳои 3 ва 4-уми мактабхоимактабҳои лотиниасос (1932, 1934). Муаллифи мақолаҳои илмӣ доир ба забоншиносӣ ва этимологияи калимаю ибораҳо, ки дар китоби “Саргузашти калимаҳо” (Д., 2005) гирд оварда шудаанд. Хусусан дар тадвину таҳрири луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ, луғатҳои дузабона, алалхусус асари дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” хизмати шоиста дорад.
Сатри 25:
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]