Имперотурии Усмонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Давлати Туркҳои Усмонӣ
 
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои (3)
Сатри 16:
Дар асри XIV империяи [[Византия]] давраи рӯ ба таназзули худро аз сар мегузаронид. Ғайраз Византия дар Балкан давлатҳои дигарн дар ҳолати парокандагй қарордошта бисёр буданд. Аз ин рӯ, султонҳои Туркҳои Усмонӣ баъди дар Осиёи Хурд боз ҳам васеътар кунонидани ҳудудҳои давлаташон ба нимҷазираи Балкан низ лашкар кашиданд. Давлатҳои заифи Балкан бар зидди артиши туркҳо муқобилияти сахт нишон дода наметавонистанд. Ин буд, ки шаҳри Галлиполи воқеъ дар соҳили гулӯгоҳи Дарданелро ишғол намуда, ба Фракия зада даромаданд. Ба Султон Урхон лозим омад, ки ба Фракия боз як маротибаи дигар лашкар кашад. Танҳо ба султони оянда - Муроди I муяссар шуд, ки Фракия ва шаҳри асосии он Адрианополро ишғол намояд.
Туркҳо лашкаркашии худро дар нимчазираи Балкан давом доданд. Муҳорибаи калонтарин дар ин ҷо 15 июни соли 1389 дар майдони Косовои Сербияи Ҷанубӣ ба амал омад. Фармондеҳи лашкари Туркия Муроди I бо лашкари 80-ҳазорнафараи шоҳи Сербия - Лазар рӯ ба рӯ шуд. Як ватандӯсти серб ба хаймаи султони туркҳо роҳ ёфта, Муроди 1-ро қатл мекунад. Вале ин сӯиқасд аҳволи лашкари сербҳоро беҳтар накард. Писари Муроди I - Боязиди ҷавон султони нави ТуркхоиТуркҳои Усмонӣ шуд. Боязид ба лашкарҳои Лазар шикаст дода, худи ӯро барои кушта шудани падараш ҳамчун қассос қатл кард. Дар натиҷаи ин ғалаба қисми зиёди Сербия ба Туркия ҳамроҳ карда шуд.
 
==СУЛТОНИИ ТУРКИЯ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XV==
Ба васеъшавии ҳудудҳои Султонии Туркҳои Усмонӣ Темур халал расонд. Ӯ дар Осиёи Марказӣ давлати бузург ташкил намуда ва баъд ба Эрону давлатҳои Шарқи Наздик лашкар кашида, онҳоро забт кард. Темур бо артиши қудратманди худ ба Осиёи Хурд зада даромад. Аз ҷиҳати шумораи лашкар ва таҷрибаи ҷангӣ султони Туркия Боязид аз Темур ҳеҷ монданӣ надошт. Лашкари Боязид 120-ҳазор нафарро ташкил медод. Дар арафаи муҳориба як қисми амирҳои Осиёи Хурд ба султон хиёнат карда, ба тарафи Темур гузаштанд. Муҳорибаи ҳалкунандаи лашкари Темур ва Боязид 28 июли соли 1402 дар наздикии Анқара ба амал омад, ки дар он туркҳо торумор карда шуда, худи Боязид асир афтод. Бо фармони Темур ӯро ба қафаси оҳанин андохтанд. Баъди чанде Султон Боязид дар асорати Темур вафот кард.
Вале Темур Султонии Туркҳои Усмониро барҳам надод. Бо самти Ғарб лашкаркашии худро давом ҳам надода, ба Самарқанд баргашт.
Баъд аз шикаст дар Анкара мубориза барои тоҷу тахти Султонии Туркия тезу туид шуда, ба залухӯрдхоизалухӯрдҳои мусаллахона табднл ёфт. Аз ҳамин сабаб дар Султонии ТуркхоиТуркҳои Усмонй нн мудцати дуру дароз ҳокимияти ягонаи марказӣ вуҷуд надоигг. Яке аз Усмониён, ки Муроди II ном дошт, ниҳоят рақибони худро мағлуб карда, ба тахти Султонии Туркия менишинад. Ӯ ҳамон лаҳза ҷанги зидди Византияро оғоз карда, Солунро аз Византия кашида мегирад. Баъд аз ин ҳудудҳои Византия танҳо аз шаҳри Константинопол ва маҳалҳои гирду атрофи он иборат буд.
Барои расониданн ёрӣ ба императори Византия калисои ғарбӣ (католикӣ) ва шарқӣ (православӣ)-и дини масеҳӣ дар зери роҳбарии Папаи Рим иттифоқҳои (уния) бастанд. Соли 1444 ин иттифоқ бар зидди туркҳо лашкаркашии нави салибдоронро оғоз намуд. Дар муҳорибаи назди Варнай 10 ноябри ҳамон сол салибдорон сахт шикаст хӯрда, ақиб баргаштанд.
 
Сатри 37:
Сулаймони I кӯшиши гирифтани Венаро кард, вале аз ӯҳдаи ин кор баромада натавонист. Баъд аз ин самти лашкаркашиашро тағйир дода, Байнаннаҳрайнро ишғол намуда, ба забти Африқои Шимолӣ оғоз кард. Дере нагузашта Трилоли ва Алҷазоирро ба даст даровард. Дар замони ҳукмронии Сулаймони I Арабистон ҳам ба ҳудудҳои Султонии Туркияи Усмонӣ дохил карда шуд.
 
Дар асри XVI Султонии Туркияи Усмонӣ қариб ҳамаи мулкҳои собиқи Византия ва Хилофати Арабро дар бар мегирифт.<ref> [http://tarikh.narod.ru/index_45.htm Султонии ТуркҲои Усмонӣ]</ref>
== Манбаъ ==
<references/>
Сатри 43:
==Пайвандҳои беруна ==
* [https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9E%D1%81%D0%BC%D0%B0%D0%BD%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%B8%D0%BC%D0%BF%D0%B5%D1%80%D0%B8%D1%8F Османская империя]
{{ҷавона}}
 
[[Гурӯҳ:Давлатҳои таърихӣ]]