Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот викифонида истодааст, replaced: ) як → ) — як
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Таърих: бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои
Сатри 12:
Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон, ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ - ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, ислими қаламфур, ислими муғча, ислими нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислмии зарфҳои мисӣ мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.
 
Зарфҳои мисӣ аз рӯи техникаи иҷроиш ба ду гурӯҳ табанок (рехта) ва хоискорӣҳоискорӣ (кӯфтан, кӯбидан) ҷудо мешавад. Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Кӯбиш асоси ҳунари мисгариро ташкил медод ва олоти асосӣ, ки дар он кӯбидан анҷом меёфт, сангдон ном дошт. Дар вақти кӯфтан филиз бетанаффус тафсон мешуд. Кӯбидани мис ва васлсозии пораҳои алоҳида аз мисгар маҳорати баландро талаб мекард. Зарфҳои калони мисиро дар аввал ҷудо-ҷудо омода сохта, баъд онҳоро бо усули кӯбидан бо ҳам васл мекарданд. Пас аз пайванд кардан зарф пурра тоза карда мешуд. Сипас кандакорон, ки онҳоро наққош меномиданд, ба кандани нақшҳо шурӯъ мекарданд. Дар рафти гулпардозии зарфҳо мисгарон ба таври ҳатмӣ аз мум истифода мекарданд. Мумро аз растание, ки он аз Ҳиндустон ва Эрон оварда мешуд, омода менамуданд. Ин растаниро муддати дароз ҷӯшонида қиёми нисбатан сахт ҳосил карда, онро болои тахтаи мисгарӣ-хонтахта мерехтанд. Мисгар дар болои ҳамин қабати ғафси муми сиёҳ зарфро гузошта бо истифода аз паргор, пӯлодқалам, обсанг ва чакуш (болға) нақшҳои гуногунро ҳаккокӣ мекард. Нақшпардозии зарфҳои мисӣ бо се роҳ – кандакорӣ, буриш ва кӯбидан анҷом меёфт. Мисгарони моҳири бухорӣ нусхаи нақшҳоро истифода накарда, нақши дар хотирашон бударо тавассути пӯлодқалам тасвир менамуданд. Аммо ҳангоми истифодаи усули кӯбидани нақшҳо аз қолибҳои чӯбӣ истифода мекарданд, ки дар онҳо нақшоҳи гуногун канда шуда буд. Дар аввал пораҳои мисро гирифта, болои чӯбҳои мунаққаш гузошта, онро бо чакуши чӯбӣ кӯфта нақшро аз чӯб ба мис мегузаронданд. Барои ороиши зарфҳои мисӣ онҳоро хотамкорӣ низ менамуданд. Дар хотамкории зарфҳои мисӣ аз нуқра, сир ва сангҳои қимату нимқимат ва шишаи ранга истифода бурда мешуд.
 
Яке аз зарфҳои машҳури тоҷикон чойҷӯш мебошад. Дастаи чойҷӯшро аксар вақт дар шакли аждаҳо аввал дар алоҳидагӣ аз биринҷ сохта, баъд онро ба зарф васл мекарданд. Дастаи чойҷӯшҳо нисбатан камнақш буда, дар он бештар номи усто ё соҳиби зарф кандакорӣ мешуд. Сарпӯши чойҷӯш гумбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст мегардид. Гардан ва қисми обгири чойҷӯш бештар нақшкорӣ мешуд. Обрези чойҷӯш дар шакли барҷаста аз қисми боло оғоз ёфта то ба ними обгири он мерасад. Ҳар ду тарафи қисми марказии чойҷӯш бо нақшҳои барҷастаи мудаввар ва қатрагӣ оро дода мешуд. Қисми поёнии чойҷуш, ки вазифаи пояро иҷро мекард, доирашакл ва калонтару нисбатан камнақш сохта мешуд.