Рӯй: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои (2)
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 572896 аз тарафи AryanBot (Баҳс)
Сатри 8:
Устухони рӯй аз устухонҳои ноҷунбони қисми пеши косахонаи сар (ҷумҷума) – устухони пешонӣ, устухонҳои ҷоғи боло, бинӣ, ваҷна, устухони ҷоғи поён (ҳаракат мекунад) иборат мебошад.
 
Мушакҳои рӯй ба ду гурӯҳ ҳоишхоиш ва мимикӣ (ишора) – ҷудо карда мешаванд. Мушакҳои ҳоишхоиш ҷоғи поёнро ба ҳаракат медароранд. Мушакҳои мимикӣ дар умқи пӯст ҷой гирифта, ҳангоми кашиш ёфтан лаб, рухсора, пилки чашм, пешонӣ ва парраки биниро ҳаракат медиҳанд (аз ин лиҳоз амалҳои имову ишора дар одам хеле зиёданд). Фаъолияти мушакҳои мимикиро шохаҳои асаби чеҳра ва кори мушакҳои хонишро торҳои муҳаррики шохаи сеюми асаби сетора назорат мекунанд. Асаби сетора ҳассосияти пӯсти рӯй, луобпардаи даҳону бинӣ, дандонҳо ва ҷоғро низ таъмин месозад.
рӯй аз шохаҳои берунии артерияи суботӣ, ки шабакаи анастомозҳоро ба вуҷуд меоваранд, бо хун таъмин мешавад. Лимфа аз рӯй тавассути роҳҳои лимфагузар ба лимфауқдаҳои канорӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷой гирифтаанд, меояд; хусусан уқдаҳои лимфавии зери ҷоғ ва амиқи гардан муҳим мебошанд. Аксуламали онҳо ҳангоми пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар рӯй ва ҷавфи даҳон возеҳ ба мушоҳида мерасад. Метастази омосҳои саратонӣ низ маҳз дар ҳамин уқдаҳо зуҳур меёбанд. Ғайр аз уқдаҳои лимфавии номбурда, ҳамчунин гурӯҳҳои хурди лимфауқдаҳо низ мавҷуданд, мас., дар рухсора, назди гӯш, зери ҷоғ, зери манаҳ ва ғ. Осеби ин уқдаҳои лимфави (лимфаденитҳо)-ро ҳангоми ташхиси тафриқии бемориҳои илтиҳобӣ ба назар гирифтан лозим аст.
 
Дар рӯй мумкин аст нуқсҳои гуногуни модарзодӣ падид оянд, мас., лабчокӣ, роғкомӣ ва ғ. Дар пӯсти рӯй бемориҳои римнок, пучак, ҳафтпӯст, думбал, флегмона, саромос, сил, оризаҳои сифилис ва ғ. пайдо мешаванд. Аз омосҳои некфарҷом дар рӯй атерома, липома, папиллома, киста, гемангиома, лимфангиома ва ғ. ташаккул меёбанд. Тарзи муолиҷаи онҳо гуногун аст.
 
Ба осебҳои рӯй зарбулат, хуншорӣ, хуномосҳо, захми тир, бурида шудани пӯст, шикастани ҷоғ ва ғ. мансубанд. Осебу садамаҳои рӯй-ро духтурони осебшинос, ҷарроҳон, дерматологҳо табобат мекунанд.
 
== Нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рӯй"