Тоҷикфилм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 37:
== Солҳои Истиқлолият==
Баъди пош хӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд.
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” ([[соли 1993]]) ва “Падари маҳтобӣ”-и [[Бахтиёр Худойназаров]] ([[соли 1999]]), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и [[Ҷамшед Усмонов]] ([[соли 2002]]) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шӯҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, [[соли 1998]]), “Муҷассамаи ишқ” (У. Мирзоширинов, [[соли 2003]]), “Овора” ([[Гулбаҳор Мирзоева]], Д. Раҳматов, [[соли 2006]]), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” ([[соли 2006]]), “Синамои муҳаррик” ([[соли 2007]]) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.
 
Маҳз дар ҳамин партав аввалин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби [[Носир Саидов]] дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009). Филм то ин дам соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣ гаштааст. Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира хеле фаъолона бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак эҷод менамоянд.