Абдуҷаббор Раҳмонзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: илова
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: Хамчу → ҳамчу
Сатри 9:
'''Абдуҷаббор Раҳмонов''' - олим, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, доктори илми филология, профессор, академики Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ ходими давлатӣ, ходими давлатӣ.
== Зиндагинома ==
'''Абдуҷаббор Раҳмонов''' - [[15 март]]и соли [[1959]] дар деҳаи Андароби [[ноҳияи Кӯлоб|Кӯлоб]] таваллуд шудааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин ( ҳоло - [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст. Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи « Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] бо муваффақият дифоъ намудааст. Соли 2000-ум ба сифати мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шӯъба кор намудааст. Сипас, ба шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти пурсамар намудааст. Аз январи соли 2012 то 2014 Ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] ва ҳоло ёвари [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] аст.<ref> [http://news.tj/tj/news/abdu-abbor-ra-monov-evari-prezident-tain-shud. Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент таъин шуд]</ref>
== Фаъолияти илмӣ ==
Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик шинохта шуда, доктори илми филология, профессор академики Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.
Сатри 21:
Дар рисолаҳои «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик. - Душанбе, 1999; «Назария ва сайри таърихии устурасозии форси тоҷикӣ». - Душанбе,1999; «Заминаҳои асотириву маросмӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ». - Душанбе, 2004 аввалин шуда, дар адабиётшиносии тоҷик доир ба назарияи усура ва устурасозӣ таҳқиқот ба анҷом расонида, дар ин се рисола проблемаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди устураҳоро дар зеҳни эҷодӣ таҳқиқ карда, доир ба манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти форсӣ- тоҷикӣ назари нав пешниҳод намудааст. Ба ғайр аз ин даҳо мақола доир ба усураҳои форсӣ - тоҷикӣ ва мақоми усутраҳои адабӣ дар зеҳнияти адиб ва эҷодкор дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ интишор намудааст.
 
Хамчунинҳамчунин, дар омада ва чопи «Куллиёт» - и шоири нимаи дувуми асри XIX Шамсиддини Шоҳин (2005) ҳиссаи муносиб гузошта, муқаддимаи ин Куллиёт ба қалами вай тааллуқ дорад. Дар ҳамин асос баъдан вай рисолаи «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX ва авали асри ХХ» - ро (Душанбе, 2006) таълиф намуда, мақоми шоиро дар рушди ғазал муайян намуда, таъсири ғазалиёти ӯро ба адибони садаи ХХ ошкор гардонидааст.
 
Раҳмонов А. А., дар соҳаи забоншиносӣ низ якчанд мақола таҳия намуда, дар муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намудааст. Мақолаҳои ӯ доир ба « Омилҳои беҳтар намудани тарҷумаи ислоҳоти ҳуҷҷатҳои расмӣ», « Нақши забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият», « Забон ва Истиқлолияти миллӣ», « Назари устод Айнӣ доир ба рушди забони адабии тоҷик» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.
Сатри 34:
<references/>
* Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.- Душанбе, 2011.
 
{{bio-stub}}
[
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
Line 41 ⟶ 43:
[[Гурӯҳ:Филологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]][
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
 
 
{{bio-stub}}