Маҳмудҷон Воҳидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манобеъ: илова
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: хамчу → ҳамчу
Сатри 4:
|Акс= Махмуд Вохидов.JPEG
|Зодрӯз=[[10 октябр]]и [[1939]]
|Зодгоҳ= шаҳраки [[ Шайдон]] и, [[ноҳияи Ашт]]
|Даргузашт=[[9 ноябр]]и соли [[1977]]
|Пеша=[[ҳунарпеша]]и театр ва кино
}}
'''Маҳмуд Воҳидов''' - [[10 октябр]]и [[1939]], дар шаҳраки [[ Шайдон]] и, [[ноҳияи Ашт]] – [[9 ноябр]]и [[1977]], [[Бағдод]], қабраш дар Душанбе) — [[ҳунарпеша]]и барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1973]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]([[1973]]) аст.
 
==Зиндагинома==
Маҳмуд Воҳидов [[10 октябр]]и [[1939]], дар шаҳраки [[ Шайдон]] и, [[ноҳияи Ашт]] ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон. Аввалин бор Маҳмудҷон Ваҳидов дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский шеъри М. Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ» ва баъди қарсакзаниҳои дурудароз шеъри А. Воситзода «Дар сари роҳи калон»-ро хонда, шуҳрату муваффақиятро соҳиб гардид. Тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб дар бар ба саҳна баромад. Вай нахустин бор бо ҳазорон нафар рӯ ба рӯ шуд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард ва сипас якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии донишкадаи ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав дохил шуд.<ref name="Ҳунарпешаи нотакрор">[http://www.omuzgor-news.tj/?p=5901 Ҳунарпешаи нотакрор]</ref> Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро с. 1960 хатм кард. Солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] хунарнамой кард, аз 1961 ҳунарпешаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] буд.
==Образҳои саҳнавӣ==
Амиқ кушодани ҷаҳони ботинии қаҳрамон, дарк намудани ҷиҳатҳои психологии образ, овози ҷарангдор ва хусусан таъсири амиқи эмоционалӣ ба тамошобин ҷиҳатҳои асосии маҳорати артистии Маҳмуд Воҳидов мебошанд. Соли 1973 вақте ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард. 5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Артисти халқии Тоҷикистон сазовор гардид. <ref>[http://www.omuzgor-news.tj/?p name=5901 "Ҳунарпешаи нотакрор]<"/ref>
Ролҳои асосии иҷрокардаи Маҳмуд Воҳидов:
* Митя (“Камбағалӣ айб нест”-и А. Островский, 1960),
Сатри 29:
* Усмонхоҷа (“Гарнизон таслим намешавад”-и Ҷ. Икромӣ, 1974), Хизрхон (“Фарьёди ишқ”-и Ғ. Абдулло, 1975),
* Соломахин (“Машварат”-и А. Гельман, 1976),
* Ясон (“Медея”-и Еврипид, 1977) ва ғ. <ref> Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1980, -с 651.
</ref>
Дар саҳнаи тоҷик Маҳмуд Воҳидов асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр аст. Ӯ овози ширадор ва диди шоирона дошт. Асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон, Воҳидов мураттиб, режиссёр ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли
Сатри 35:
* “Ватан ва фарзандон” (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969),
* “Ишқи зиндагӣ” (аз рӯи ашъори Хофиз, 1971) ва ғ.
Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли “Алломаи Адҳам ва дигарон”-и С. Улуғзода (1976), дар роли Пашков худи Воҳидов) равшан зоҳир шудааст.<ref> Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик,1988. – с. 338-339</ref>
== Филмшиносӣ ==
Маҳмуд Воҳидов инчунин дар фильмҳои киностудияи “Тоҷикфильм”: “Зумрад” – роли Шариф (1961),
Сатри 42:
* “Достони Рустам” – Тӯлод (1971);
* “Ситора дар торикистон” – Аҳмади Дониш ([[1972]]),
* “Асрори гузаргоҳ” – Олим (1973) ва ғ.-ро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.<ref> Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1988. – с. 338-339</ref>
==Мукофоту ҷоиза==
* дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]]([[1973]]) барои иштирок дар кинофилми “Достони Рустам”.<ref>[http://www.kino-teatr.ru/kino/acter/m/sov/38886/bio/ Махмуджан Вахидов] </ref>
* бо ордени “Нишони Фахрӣ”
* ва медалҳо мукофотонида шудааст.
== Донистаниҳои ҷолиб ==
Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ [[9 ноябр]]и соли [[1977]], дар ш. [[Бағдод]] вафот кардааст. Дар ин сафари ҷавобии санъаткорони Тоҷикистон ба Ироқ Воҳидов хамчунҳамчун барандаи консертҳо иштирок намуда порчаҳо аз ашъори [[Ҳофиз]] ва Румиро ба забони арабӣ моҳирона қироат кардааст ва лоиқи таҳсини тамошобинон шудааст. Ин сафари ҳунарии нотакроре буд, мегуянд иштирокчиёни он. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмуд Воҳидов пеш аз сафар мариз буд, вале котеъона барои сафар кардан камар баст.<ref> [http://mvohidov.blogspot.com/ Маҳмудҷон Воҳидов]/</ref> Ӯ дар [[Душанбе]], дар [[боғи Лучоб]] ба хок супорида шудааст.
Ба номи ӯ [[Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов|Театри давлатии ҷавонони ш. Душанбе]] гузошта шудааст.
==Нигаред==
[[Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов]]
== Манобеъ ==
<references/>
 
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Синамогарони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
 
 
{{bio-stub}}