Фарқият байни намунаҳои "Мӯй"

2 bytes removed ,  6 сол пеш
х
бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: хайвон → ҳайвон
х (бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: хайвон → ҳайвон)
Нигоҳубини абру ва мижгон. Мижгони зичу дароз ҳуснро меафзояд. Барои мустаҳкам намудани мижгон ва сабзиши онҳо бо ёрии чӯтка, ки ба равғани канадона тар карда шудааст (чанд қатра витамини А низ ҳамроҳ кардан мумкин), оҳиста масҳ кардани пилкҳои чашм муфид аст. Ҳангоми масҳ эҳтиёт шудан лозим аст, ки равған ба даруни чашм надарояд (ин метавонад боиси ангезиши мултаҳима гардад). Равғани офтобпараст, вазелин, равғани зайтун ё мағзи шафтолу низ мижгонро нарм карда, сабзиши онҳоро беҳтар мегардонад. Алалхусус баъди муддати тӯлонӣ истифода бурдани ранг, ки дар натиҷа мижгонҳо мӯрд ва хушк мешаванд, истифодаи равған мувофиқи мақсад аст. Мижгонро бо рангҳои шустанашаванда (дар кабинетҳои косметикӣ) ва тушҳои ҳарранга (сиёҳ, қаҳваранг, кабуд, сабз, бунафш) вобаста ба сару либоси зан, ранги чашму мӯй, рӯшноӣ ва ғ. ранг мекунанд. Тушро боэҳтиёт (то ин ки ба чашм надарояд) бо ёрии чӯткача ба мижгони хушк аз боло ба поён (аз пилки чашм то нӯги мижгон) мемоланд. Пеш аз хоб тушро тоза мекунанд, вагарна мижжаҳо мешикананд ва меафтанд. Тушро бо ёрии равғани растанӣ, креми ғизобахш ё оби гарм тоза бояд кард. Бо обу собун шустани мижгон маслиҳат дода намешавад, чунки ин ба хушк шудани пӯсти пилки чашм, пайдоиши чин ва рехтани мижгон оварда мерасонад. Абрувонро бо қалами махсус ранг мекунанд. Барои ба абрувон шакли дилхоҳ бахшидан, як қисми мӯи онро бо мӯйчинак канда мепартоянд. Тез-тез ва дағалона кандани мӯи абрувон (махсусан агар мӯйҳо ба рафти сабзиши онҳо канда нашаванд) боиси газаки пӯст ва бо микробҳои моддаовар сироят ёфтани он шуда метавонад. Аз ин рӯ, ин корро дар кабинетҳои пардозгари ба ҷо овардан беҳтар аст.
М. С. Исоев,
Ҳ. Ҷ. Усмонова.
 
Расми 1. Тарҳи сохти мӯй ва бофтаҳои атрофи он.
1 – тори мӯй; 2 – қабати шохии эпидермис; 3 – ҳуҷайраҳои дарунтарини пӯстпарда (базалтӣ), ҳуҷайраи хорнок, ҳуҷайраи донадор ва ҷилодори қабати эпидермис; 4 – пӯст; 5 – ғадуди чарб; 6 – пиёзаки мӯй; 7 – фолликули мӯй; 8 – пистонаки мӯй; 9 – ҳуҷайраи зерипӯстӣ; 10 – мушаке, ки мӯйро рост мекунад.
Расми 2. Намуди микроскопии мӯи хушк: дар боло нӯги чӯткашакл титшудаи мӯй; дар поён – тори мӯй, ки ба шохаҳо ҷудо шудааст.
 
 
== Сермӯй ==
'''Сермӯӣ''' дар рухсора ё дигар қисмҳои бадан ва ҷои мӯӣҳои нарм бештар сабзидани мӯӣҳои дуруcтро гуянд.Муй дар сари одам ва бадани хайвонотҳайвонот мешавад.Муй агар дар сари одам бисёр бошад одам зебо менамояд.
 
{{ҷавона}}
276 109

edits