Абдусаттор Нуралиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 10:
'''Абдусаттор Нуралиев''' - адабиётшинос ва журналисти тоҷик, доктори илмҳои филология ([[1998]]), [[профессор]] ([[2002]]). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ([[1976]]). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия ([[2011]]). Раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон».
== Зиндагинома ==
Абдусаттор Нуралиев - ([[22 август]]и соли [[1941]] , деҳаи Кушрабоди н. Кушрабоди вилолятивилояти Самарқанди Узбекистон), Факултети журналистикаи Донишгохи давлатии [[Қазоқистон]]ро хатм намуда, (1968) ба Шӯъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии ДДМТ ба кор омад. Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиаш дар факултети филология ва факултети журналистикаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (баъдан ба ҷои Шӯъба ташкил ёфт.) ҷараён ёфтааст. Аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996-2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]. Аз сентябри соли 2002 мудири Кафедраи журналистикаи Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (славянӣ).<ref>Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Ҷ.3. – Душанбе, 2004. С.517.</ref>
==Фаъолияти илмӣ==
Самти пажӯҳиши Нуралиев масъалаҳои равобити адабии тоҷику қазоқ ва журналистика мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 200 мақолаву рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таалуқ доранд. Мақолаи «Журналистикаи миллатҳои шӯравӣ» дар китоби «Советская многонациональная журналистика» - М., 1975 доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст.