Қудратуллоҳ Яҳёев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
х иловаи акс
Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ = Қудратуллоҳ Яҳёев
|Номи аслӣ= Қудратуллоҳ Яҳёев
|Акс= noimageKydratyllo Yachyaev.gifJPG
|Зодрӯз= [[соли 1946]]
|Зодгоҳ= ш. [[Душанбе]]
Сатри 11:
==Зиндагинома==
Қудратуллоҳ Яҳёев [[соли 1946]] дар шаҳри [[Душанбе]] таваллуд шудааст. Ханӯз дар синни 14-солагӣ нахустин иҷроиши асари ӯ дар озмуни шаҳрии ҳунармандони ҷавон баргузор гардид, ки он аз завқи бузурги Кудратуллоҳ ба мусиқӣ шаҳодат медод. Сониян Яҳёев ба Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ба синфи М. Цветаев ва Г. Александров дохил мешавад. Баъди хатми он ӯ ба шаҳри Москва ба Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо (ҳоло – Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо) бо муваффақият имтиҳонҳоро супорида, дар ин таълимгоҳи олии мусиқӣ дар синфи омпозитори маъруф А.И. Хачатурян таҳсилашро давом медиҳад. Ба ҳайси кори дипломӣ композитори ҷавон асари сеқисмаи Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ офарида онро ба устоди худ мебахшад. Ин асар ба баҳои баланд муваффақ гашт.
Паҳлуи дигари фаъолияти композитор омӯзгорӣ мебошад. Солҳои гуногун ӯ дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (имрӯз – [[Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов]]), [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]], Донишкадаи омӯзгорӣ (имрӯз – [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]]) кор карда, [[соли 1994]] – дотсент ва [[соли 2006]] – ба унвони [[профессор]] сазовор
гардидааст. Солҳои гуногун Қ. Яҳёев дар вазифаҳои сармуҳаррири сарредаксияи мусиқии радио, роҳбари бадеии [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев]] ва аз соли 1996 ҳамчун сармутахассиси раёсати санъати вазорати фарҳанг кор мекунад. Аз [[соли 2007]] дар [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов]] фаъолият менамояд.
== Эҷодиёт ==
Соли 1972 К. Яҳёев ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул мешавад. Ин солҳо ӯ сюитаҳои чаҳорқисмаи «Тоҷикистони ман», «Зарбҳои кӯҳҳо» бо қисмҳои «Субҳи кӯҳистон», «Рақси чӯпон», «Хикояи мӯйсафед» ва «Ид», достони симфонии «Суруди ҳофиз»-ро бахшида ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон [[Шариф Ҷӯраев]] ва «Идона»-ро барои оркестри симфонӣ менависад.
Соли 1977 дар [[ноҳияи Данғара]] комсомол [[Талбак Лолаев]] гандумро аз алангаи оташ ҳифз намуда қаҳрамонона ҳалок гардид. Ин ҳодиса тамоми мардуми мамлакатро ба изтироб овард. Композитор Қ. Яҳёев зери чунин таассурот дар асоси балладаи шоир Ҳабибулло Файзулло «Садди оташ» симфонияи якқисмаи «Хотираи Талбак Лолаев»-ро эҷод карда, онро ба ин ҷавонмарги ҷасур бахшида аст. Соли 1981 барои ин асараш Қ. Яҳёев бо медали умумииттифоқии ба номи А.Александров мукофотонида мешавад. Достони симфонии «Ёддоштҳо» ба 100-солагии [[Садриддин Айнӣ]] бахшида мешавад. Ин асар низ яке аз муваффақияти композитор дар жанри симфонӣ маҳсуб мешавад. Дар он ба ҳайси оҳанги асосӣ оҳанги «Гардуни Рост» аз мақоми Рост ([[Шашмақом]]) истифода бурда шудааст.
Асарҳои созӣ-камеравии Қ. Яҳёев аз Сюитаи фортепиано барои 4 даст, Квартети тории полифонӣ, Квартети омехта бо истифодаи ҳайати ғайриоддӣ, Дуэти полифонӣ, Элегия барои флейта ва фортепиано, «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано ва асарҳои дигар иборат аст. Яке аз асарҳои бештар муваффақ гаштаи Қ. Яҳёев дар жанри созӣ-камеравӣ Сонатаи сеқисма барои валторна