Талабхӯҷа Сатторов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: таҳрир
Сатри 14:
Хатмкардаи Консерваторияии давлатии [[Маскав]] ба номи Петр Чайковский ([[1983]]), Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1983 - 1984) шурӯъ кардааст. Сипас ассистенти кафедраи оҳангсозии Консерваторияи давлатии Маскав ([[1984]]-[[1986]]), муҳаррири шӯъбаи мусиқии [[Телевизиони Тоҷикистон]] ([[1986]] - [[1989]]), муаллим, декани факулта ва ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]]и Душанбе ([[1983]] - [[2003]]) буд. Ӯ соли [[1998]] раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Шурӯъ аз соли [[2003]] муассис ва то охирин зарби қалб ([[2007]]) Талабхӯҷа Сатторов раиси (ректори) нахустин [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] буд.
==Эҷодиёт==
Муаллифи оҳангҳои зиёде бо шумули квартети дутора, «Ғазал» (оҳанги вокалӣ), симфония барои оркестри симфонии бузург, рапсодия барои 2 роял ва оркестр, «Оҳанги шодӣ», «Идона» (тасвири симфонӣ), тараннуми Наврӯз (песаи консертӣ), «Садои бонувон» (оратория - балет), операи «Рустам ва Сӯҳроб» ва садҳо дигар таронаву оҳангҳои милливу анъанавист.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с.171-180</ref>
Асарҳои марҳум борҳо дар толорҳои бузурги ватаниву хориҷӣ садо додаанд. Ҷасади марҳум дар [[боғи Лучоб]]и шаҳри [[Душанбе]] ба хок супурда шудааст.
Ба хотири некдошти ӯ [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузошта шудааст.
 
==Пайвандҳои беруна==
* [http://ozodi.org/news/2007/04/11.html#50adf774-bada-4c4a-bb29-f02b68418faa Даргузашти Талабхӯҷа Сатторов]