Қудратуллоҳ Яҳёев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 11:
==Зиндагинома==
Қудратуллоҳ Яҳёев [[соли 1946]] дар шаҳри [[Душанбе]] таваллуд шудааст. Ханӯз дар синни 14-солагӣ нахустин иҷроиши асари ӯ дар озмуни шаҳрии ҳунармандони ҷавон баргузор гардид, ки он аз завқи бузурги Кудратуллоҳ ба мусиқӣ шаҳодат медод. Сониян Яҳёев ба Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ба синфи [[Цветаев Михаил|М. Цветаев]] ва Г. Александров дохил мешавад. Баъди хатми он ӯ ба шаҳри Москва ба Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо (ҳоло – Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо) бо муваффақият имтиҳонҳоро супорида, дар ин таълимгоҳи олии мусиқӣ дар синфи омпозитори маъруф А.И. Хачатурян таҳсилашро давом медиҳад. Ба ҳайси кори дипломӣ композитори ҷавон асари сеқисмаи Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ офарида онро ба устоди худ мебахшад. Ин асар ба баҳои баланд муваффақ гашт.
Паҳлуи дигари фаъолияти композитор омӯзгорӣ мебошад. Солҳои гуногун ӯ дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (имрӯз – [[Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А. Бобоқулов]]), [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]], Донишкадаи омӯзгорӣ (имрӯз – [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]]) кор карда, [[соли 1994]] – дотсент ва [[соли 2006]] – ба унвони [[профессор]] сазовор
гардидааст. Солҳои гуногун Қ. Яҳёев дар вазифаҳои сармуҳаррири сарредаксияи мусиқии радио, роҳбари бадеии [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев]] ва аз соли 1996 ҳамчун сармутахассиси раёсати санъати вазорати фарҳанг кор мекунад. Аз [[соли 2007]] дар [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов]] фаъолият менамояд.