Султон Валад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст., replaced: руз → рӯз
Сатри 11:
'''Султон Валад''' - Исми пурраи ӯ Баҳоуддин Муҳаммад Валад буда, бо номи Султон Валад машҳур аст. Вай дар соли 623 ҳиҷрӣ мутобиқ ба [[1226]] мелодӣ дар хонаводаи шоири мутасаввиф ва [[файласуф]]и машҳури тоҷик [[Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ|Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ]] ба дунё омадааст. Маълумоти пурраро дар назди падари хеш гирифта, пас аз касби камол ба ҷои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид.
 
Ба қалами Султони Валад девони ашъор, маснавии ”Валаднома” (1299-1302) ва рисолаи “Маорифнома” мансубанд. ”Валаднома”, ки сужети ягона надорад, дорои 25 ҳазор байт буда, аз се қисм- “Ибтидонома”, «Рубобнома” ва ”Интиҳонома” иборат аст. Дар он вазъҳои Султони Валад оид ба масоили тасаввуфу ирфон дарҷ шудаанд.
 
Дар қисмҳои 1 ва 3-и “Валаднома” 235 байт ба [[забони туркӣ]] (“Ашьори салчуқӣ”) мавҷуданд, ки сароғози назми туркӣ ба шумор мераванд. (с.таълиф 1301). Дар ”Валаднома” байтҳо ба забони юнонӣ ҳам вомехӯранд, ки Султони Валад онҳоро барои шиносонидани юнониён бо таълимоти тасаввуфии худ навиштааст.
 
Вобаста ба ҳусну қубҳи ғазалиёти Султон Валад гуфтан ҷоиз аст, ки ашъори ӯ дар пайравӣ бар ғазалиёти Мавлоно гуфта шуда, асосан ҳолатҳои рӯҳонӣ ва вазъи дарунии шоир дар онҳо инъикос шудаанд.
 
Аз зиндагинома ва рӯзгори Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, яъне падари Султон Валад маълум аст, ки шоир бо Шамси Табрезӣ ном орифи ҳақҷӯ дӯстӣ ва пайванде дошт. Чун Мавлоно пас аз бархӯрд бо ин дарвеши ориф аз тадриси мадраса ва сӯҳбати дӯстони пешин даст мекашад, ёрони кӯҳан дар дил ҳасуд мепарваранд ва салоҳи корро дар нобудии Шамси Табрезӣ мебинанд. Хуллас, яке Шамс ба гумномӣ мепайвандад ва Мавлоноро ба фироқи ҳамешагии хеш гирифтор месозад. Ҳеҷ касе, ҳатто Мавлоно дигарбора ӯро наметавонанд дарёфт бикунанд.
 
Овозаҳо паҳн мегардад, ки Шамс аз дасти ҳасудон ва нотавонбинон кушта шудаву дар ин амал дасти фарзанди Мавлоно низ ҳаст. Аммо ин овозаро худи Султон Валад дар «Валаднома» қатъиян инкор мекунад ва бӯҳтон медонад.
Сатри 27:
:Эй ошиқон, эй ошиқон, девонам, девонам,
:Майҳои хумми ишқро паймонаам, паймонаам.
:Дар синаам рузурӯзу шабон мастиву шӯр асту фиғон,
:Гӯӣ, ки дар кӯйи ҷаҳон майхонаам, майхонаам.
:Ҳастам зи сар то по назар, чун ақли куллам кул хабар,
Сатри 74:
:Гарчӣ васлат ба чу ман зору низоре надиҳӣ.
 
{{poet-stub}}
== Адабиёт ==
* Гулшани Адаб Душанбе
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Файласуфони форсу тоҷик]]
 
 
{{poet-stub}}