Факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: Точикистон → Тоҷикистон, точик → тоҷик
х таҳрир
Сатри 17:
''' Факултети санъат яке аз факултаҳои [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]]''' мебошад. Таъсиёби - соли [[1993]]. Декани факултет ''' дотсент Аминҷонов Р. Н.''' аст.
==Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият==
Факултаи санъати [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]] (ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[23 июн]]и соли [[1993]]) дар шаҳри [[Хуҷанд]] ташкил шудааст. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои гуногуни таърих ва ҳунари санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромӯзии факултаро дарбар мегирад. Дар таъсиси факултаи санъат ҳамчун муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи мусиқии ҶТ) мутахассисони варзида – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор [[Наим Ҳакимов|Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич]], профессор [[Муродов Рауф МуродовичМуродов ]], профессор [[Алиев Умар АлиевичАлиев]] ҳамчун ташаббускор иқдом намудаанд. Минбаъд олимони шинохта – мусиқишиносон н. и. с. [[Фирӯз Ӯлмасов]], [[Абдувалӣ Абдурашидов]], [[Султоналӣ Худойбердиев]] ва ҳофизони варзида, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС профессор [[Ҷӯрабек Муродов]], Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон профессор [[Боймуҳаммад Ниёзов]], оҳангсоз [[Шарофиддин Сайфиддинов]], сароянда [[Даврон Алиматов]], Ҳофизони халқии Тоҷикистон [[Маъруфхоҷа Баҳодуров]], [[Абдураҳим Шерматов]], мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ [[Юсуфҷон Бобоҷонов]], ғиҷакнавоз [[Сайдулло Убайдуллоев]] ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони хунармандон саҳми арзанда гирифтанд.
 
Дар ибтидо дар Академияи мусиқии ҶТ шӯъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМ ҶТ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат Абдурашидов А., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷӯ қабул гардиданд. Соли [[1995]] шӯъбаи рассомӣ, соли таҳсили 1995-1996 шӯъбаи хониши академикӣ, соли [[2002]] шӯъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарманди шоистаи ҶТ [[Барзу Абдураззоқов]] ба фаъолият оғоз намуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд (№294 аз [[17 июл]]и соли [[1996]]) муассисаи таълимии Академияи мусиқии ҶТ барҳам дода шуда, ба ҷои он аввал факултаи санъат дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва аз соли [[2001]] факултаи санъати [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] фаъолияти таълимиро идома дода истодааст.
Сарварии факултаро аз соли 1993 то 2001 н. и. с., Ҳакимов Н.Ғ., аз соли 2001 то моҳи январи соли 2012 дотсент Ҷӯраев Ғ. Ҳ. ва аз 20 январи соли 2012 н. и. т., дотсент Аминҷонов Р. Н. бар ӯҳда доранд. LарДар факулта 4 кафедра ва 7 шӯъба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-эҷодӣ мебаранд: кафедраи санъати мусиқии анъанавӣ, кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ, кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ.
Дар факулта дар солҳои гуногун хунармандони варзидаю шинохтаи ҷумҳурӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият доштанд. Имрӯзҳо низ устодони шинохта Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон [[Даврон Алиматов]], Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ [[Юсуфҷон Бобоҷонов]], муҳаққиқон-олимони мусиқии тоҷик н. и. с. [[Наим Ҳакимов]] , н. и. с. [[Султоналӣ Худоибердиев]], н. и. т. Аминҷонов Р. Н., н. и. п. Ашӯров М. фаъолият доранд. Актёрони ҷавон бо роҳбарии профессор [[Умар Алиев]] сайқали ҳунар менамоянд. Дар кафедраи санъати тасвирӣ дотсентон Ҷӯраев Ғ. Ҳ., Ашӯров М. Ҷ. ва дигарон ба тарбияи мутахассисон-рассомони касбӣ машғуланд. Имрӯзҳо намунаҳои эҷодии онҳо тамоми гӯшаю канори чумҳуриро зеб медиҳанд.
 
Инчунин дар факултети санъат дастаҳои ҳунарӣ ва маҳфилҳои зерини донишҷӯён фаъолият мебаранд:
 
* Ансамбли навозандагон – рохбар А. Ботиров ва С. Убайдуллоев
* Ансамбли Шашмақомхонон – роҳбар Насиба Омонбоева
* Маҳфили дойрадастон «Садои доира» - роҳбар Бобоҷонов Ю.
* Маҳфили ҳайкалтарошон «Ҳайкалтарош» - роҳбар Ашӯров М.
* Маҳфили сарояндагии сабки мардумӣ - роҳбар Баҳоваддинов М
* Маҳфили «Илҳом» - роҳбар Абулов Ф.
* Маҳфили «Муҳаққиқони ҷавон» - роҳбар Аминчонов Р. Н.
Дар тӯли фаъолият факултети санъатро мутрибону сарояндагони мусикии классикии «Шашмақом», рассомон ва актёрон хатм намудаанд, ки имрӯз ҳамчун мутахассисони варзида, на фақат дар ҷумҳурӣ балки берун аз он бо ҳунарашон боиси ифтихор гаштаанд. Дар ин радиф чеҳраҳои зеринро қайд карданӣ ҳастем:
* дорандаги ҷоизаи байналмиллалии мусиқии классикӣ дар ш Тошканд - Сирҷиддин[[Сироҷиддин Ҷӯраев]] (1995) (роҳбари эҷодӣ - [[Султоналӣ Худоибердиев]])
* дорандагони ҷоизаи байналмиллалии «Грэмми», сарояндагон - [[Насиба Омонбоева]], [[Хуршед Иброҳимов]], [[Зумрад Самиҷонова]] (шодравон), [[Камолиддин Ҳамдамов]] ва дуторнавози мумтоз, чоизадори якчанд озмунҳои байналхалқии мутрибон [[Сироҷидин Ҷӯраев]] Сироҷидин (ҳама дар Академияи мақоми ҶТ минбаъд таҳсилро идома додаанд) ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст.
* сарояндагони шинохтаи санъати эстрадии вилоят, аз он ҷумла [[Валиҷон Азизов]], [[Ғолибҷон Юсупов]], [[Анвар Ахмедов]] ва дигарон.
* рассомон ва ҳайкалтарошон дорандаи ҷоизаи намоишгоҳи Россия [[Абдураҳим Ҷабборов]], [[Даврон Раҳматов]] – муаллифи пайкараи Темурмалик дар осорхонаи вилоятии таърихии вилояти Суғд, муаллифи пайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, [[Наимҷон Мӯминов]] Наимҷон ва дигарон.
* саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ [[Қурбон Бобоҷонов]], актёрон [[Далер Шукуров]], [[Абдуназар Тӯрахонов]], [[Сурайё Хӯҷаева]], [[Файёз Бойматов]], [[Шукӯҳ Иброҳимов]], [[Диловар Султонов]] ва дигарон…
*
== Дастпарварони факулта ==
Дар тӯли фаъолияти факултаи санъат мутрибону сарояндагони варзидаи мусиқии классикии «Шашмақом» ин даргоҳи илму ҳунарро хатм намудаанд, ки имрӯз на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он бо ҳунарашон боиси ифтихор гаштаанд ва мусиқии устодонаи тоҷикро ба шунавандагони минтақаҳои гуногуни ҷахон муаррифӣ менамоянд. Дар ин радиф дорандагони Ҷоизаи байналмилалии «Грэмми», сарояндагон – [[Насиба Омонбоева]], [[Хуршед Иброҳимов]], [[Зумрад Самиҷонова]] (шодравон), [[Камолиддин Ҳамдамов]] ва дуторнавози мумтоз, ҷоизадоричоизадори чандинякчанд озмунҳои байналхалқии мутрибон Ҷӯраев[[Сироҷидин С.Ҷӯраев]] ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст.
== Пайвандҳои беруна ==