Дӯстмурод Алӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
}}
 
'''Дӯстмурод Алӣ''', сароядаи тоҷик (тенори лирикӣ), [[Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (1979), 19 апрели соли 1950 дар [[Кабкрез|деҳаи Кабкрези]] [[ноҳияи Файзобод]] таваллуд шуда, дар аёми авҷи камолоти эҷодияш 18 апрели соли 1989 дунёро падруд гуфт.<br />
 
Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1974). Солҳои 1974 - 1975 дар сафи Армияи Советӣ хизмат кардааст. Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд.
== Эҷодиёт ==
Дӯстмурод Алиев мусаннифи зиёда аз 60 суруду таронаҳост. Асоси репертуари ӯро мавзӯъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил мсдиҳанд. Сурудҳои ''«Туро ман дӯст медорам»'' (шеъри [[Лоиқ Шералӣ|Лоиқ]]), ''«Баҳор омад»'' (шеъри халқӣ), ''«Махзани дурдона»'' (шеъри А. Баҳорӣ)., ''«Моҳи рухсорат»'' (шеъри Сайидо), ''«Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ»'' (шсъришеъри Кошиф), ''«Садқаи чашмони ту»'' (шеъри Ш. Ҳайрат), ''«Савсани Ҳусн»'' (шеъри А. Воситзода) аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд. Дӯстмурод Алиев чун актёр низ дар чандин пйесаҳои якпардагӣ як қатор нақшҳо офаридааст, ки беҳтаринашон Зиёпонсад («Оилаи аскар»-и Т. Аҳмадхонов), Ориф («Бародарон»-и С. Саидмуродов), Эшони Иллоанта («Иллоанта»-и А. Атобоев) мебошанд. Ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984) сафари ҳунарӣ кардааст.
 
Шеърҳои сурудаи ин ҳофизи зиндаёд, тараннумгари эҳсосоти латиф ва саршор аз меҳру муҳаббати бузурги инсонӣ мебошад. Ин аст, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ сурудҳои дилошӯби сароидаи шодравон Дӯстмурод Алиев дар қалби дӯстдорону ҳаводоронаш маъво гирифтааст.