Майсара Дилдорова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Майсара Дилдорова
 
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ҳазф карда истодааст
Сатри 1:
'''Майсара Дилдорова''' - ([[2 август]]и [[соли 1944]], ш. Хоруғ, ВМКБ), - сароянда ва хунарпешаи тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]]([[1985]]).
Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови ш. Хоруғ оғоз намудааст (1955). Аз с. 1960 сароянда ва хунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови ш. Хоруғ |Театри мусиқӣ – мазҳакавии бо номи Рӯдакии ш. Хоруғ]]. Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Истеъдоди сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир гардид. Барномааш бой ва гуногунмавзӯъ буда, сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ , арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эрониро дар бар мегирад. Беҳтарин сурудҳои Д: «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Иди зафар» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Милая Мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам Галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги К. Шоискандаров, шеърҳои М. Ҳайдаршо) ва ғ. мебошанд. Д. инчунин дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ як қатор ролҳои асосиро бозида, нақшҳои таъсирбахшу ҳаётӣ офарида, сифатҳои наҷиби онҳоро намоиш додааст: Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршаккар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ) ва ғ. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
{{ЭСТ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:ШахсиятҳоҲунарпешаи азхалқии рӯиҶШС алифбо|*Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Хоруғ таваллудшудагон]]
 
 
{{bio-stub}}