Абдувалӣ Абдурашидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Абдувалӣ Абдурашидов
 
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: иваз карда истодааст, replaced: санъати Тоҷикистон → Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
Сатри 14:
А. Абдурашидов лауреати озмунҳои [[Шашмақом]] ([[Душанбе]], 1989; [[Тошканд]], 1991) буда, фаъолияти навозандагиашро пайваста инкишоф медиҳад. Соли 1991 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танбӯр ва истифодаи он дар омӯзиши системаи Шашмақом» бомуваффақият дифоъ намуд. Солҳои 1993 – 1995 ба ҳайси ноиби президенти Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд), Баъди табдил додани ин Академия ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар ин Донишгоҳ вазифаи омӯзгор ва мудири кафедраи [[факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]] адо мекунад. 1996 – 2002 – мудири шӯъбаи санъати Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҷараёни фаъолият маҳорати касбиашро дар [[Донишгоҳи Миллии Теҳрон]] (1999) такмил медиҳад.
Солҳои 2002 – 2004 – роҳбари бадеии Ансамбли давлатии шашмақомсароёни ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҳамчун дотсенти кафедраи навозандагии суннатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад. Ҳамаи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории Абдувалӣ Абдурашидов ба омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи санъати классикии Шашмақом марбут аст. ӯ муассис ва директори Академияи мақом (2002) мебошад. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб оид ба нигаҳдориву рушди минбаъдаи ин мероси гаронбаҳои миллати тоҷик, аз ҷумла эҳёву нумӯи санъати Шашмақом саҳми арзанда дорад.
Солҳои 2002–2011 Абдувалӣ Абдурашидов бо дастаи шогирдони худ аз Академияи мақом дар бештари ҷашнвораҳои байналмилалӣ, аз ҷумла давлатҳои [[Хитой]], [[Германия]], [[Франсия]], [[Белгия]], [[Норвегия]], [[Шветсия]], [[Англия]], [[Италия]], [[Испания]], [[ИМА]], [[Юнон]], [[Ҳиндустон]], [[Эрон]], [[Покистон]], [[Сурия]], [[Марокаш]] ва чандин кишварҳои дигар санъати [[Шашмақом]]и тоҷикро сарбаландона муаррифӣ ва тарғиб намуда, сазовори ҷоизаҳову дипломҳои сатҳи байналхалқӣ гардидааст.
== Эҷодиёт ==
Абдувалӣ Абдурашидов мураттиб ва яке аз муаллифони маҷмӯаи «Фурӯғи меҳр» (шеъру суруд барои кӯдакон) (2004), муаллифи асари «Омӯзиши авзони шеър ва мусиқӣ» («Арӯз ва мусиқӣ») (нашри якум – 2001, нашри дуюм – 2002) ва як қатор мақолаҳои илмӣ, аз зумраи «Танбӯр ва вазифаи он дар омӯзиши асосҳои Шашмақом», «Уд ва танбӯр – нигоҳдорандаи ду системаи мақом», «Шашмақом, асри XXI: инкишофи санъати мусиқии классикӣ дар замони ҳозира», «Ташаккули авзони рубоӣ дар матни адвори зарбии мусиқӣ» мебошад. ӯ яке аз чаҳор муаллифи нахустнашрияи «Энсиклопедияи Шашмақом» (1999) аст.
==Мукофот==
Барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъати мусиқии классикӣ ӯро Президенти кишвар бо унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2001) сарфароз гардонд. А. Абдурашидов инчунин бо Ордени командор дар ҷодаи риторика ва санъат (Франсия, 2005) ва ордени «Дӯстӣ» (2005) қадрдонӣ шудааст. <ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 10- 11</ref>
 
== Манбаъ ==
<references>
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:МусиқишиносониШахсиятҳо Тоҷикистоназ рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:ОлимониМусиқишиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ОмӯзгорониОлимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии санъатиОмӯзгорони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии Шахсиятҳо аз рӯи алифбо ба номи Мирзо Турсунзода]]