Файзулло Кароматов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Файзулло Кароматов
 
х илова
Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ= Файзулло Кароматов
|Номи аслӣ= Файзулло Музаффарович Кароматов
|Акс= noimageКароматов Файзулло.gifjpg
|Зодрӯз= [[14 декабр]]и [[1925]]
|Зодгоҳ= ш. [[Бухоро]]
Сатри 8:
|Вазифа= мусиқишинос
}}
'''Файзулло Кароматов''' – (14 декабри 1925, Бухоро), мусиқишинос, Арбоби илми ӯзбекистонӮзбекистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1971), профессор (1973).
Доираи мавзӯи илмиаш – мусиқии суннатии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ.
==Зиндагинома==
Соли 1941 ба Консерваторияи давлатии Тошканд ба синфи Бертйе (скрипка) дохил мешавад. Соли 1944 Институти педагогии Тошканд (факултаи филология)-ро, 1950-ум Консерваторияи давлатии Тошкандро синфи назарияи мусиқӣ, профессор Ю.Н.Тюлин хатм намуд. Солҳои 1951-1954 – аспиранти Консерваторияи Москва, роҳбари илмӣ – профессор В.М.Беляев. аспирантураро ба итмом мерасонад.
Фаъолияти кориро соли 1941 дар Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро ба ҳайси скрипканавоз оғоз намуда, солҳои 1943 – 1949 – скрипканавози оркестри симфонии Филармония ва радиои ӯзбекистон, 1949 – ходими илмӣ, 1955-1994 – мудири шӯъбаи мусиқӣ, ҳамзамон 1957 – 1964 директори Институти санъатшиносии ба номи Ҳамза (Тошканд), 2000 мудири фонди мусиқии ҳамин институт фаъолият менамояд. Ҳамзамон солҳои 1955-1960 – муаллими кафедраи таърихи мусиқӣ, 1972 мудири кафедраи мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ, аз соли 1973 профессор. Кароматов Ф.М. асосгузори нахустин кафедраи мусиқии Шарқ дар миқёси собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мебошад. Тавассути ин воҳиди нави сохтори мактабҳои олии мусиқӣ назари бузурге ба сӯи мусиқии суннатӣ ба вуҷуд омад – нахустин бор дар таърихи системаи таълимии шӯравӣ омӯзиши мусиқии классикии Шашмақом ба сатҳи баландтарини таълимот ворид гашт. Дар муддати кӯтоҳ ин кафедра як қатор мутахассисонеро барои ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ва хориҷи кишвар тарбия намуд. Аз Тоҷикистон дар ин кафедра А. Низомов, Ф. Азизӣ бо тахассуси мусиқишиносӣ ва А. Абдурашидов бо тахассуси навозандагӣ (рубоб) таҳсил намудаанд.
Таҳти роҳбарии илмии Ф.М. Кароматов шогирдон аз ӯзбекистонӮзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Россия, Судан, Иордания, Бошқирдистон тарбия ёфтаанд. Аспирантон аз Германия, ИМА, Чехия ва Полша коромӯзӣ кардаанд.
Саҳми Ф.М. Кароматов дар тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон хеле бузург аст: [[Аскаралӣ Раҷабзода]] (рисолаи номзадӣ,1982), [[Аслиддин Низомов]] (кори дипломӣ (1976), рисолаи номзадӣ(1990) ва докторӣ (1998); [[Фароғат Азизӣ]] (кори дипломӣ, (1981), рисолаи номзадӣ (1989); [[Абдувалӣ Абдурашидов]] (рисолаи номзадӣ, 1991), яке аз роҳбарони илмии [[Баҳринисо Қобилова]] (рисолаи номзадӣ, 2005).