Арбоби ҳунари Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 1:
'''“Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” (ҳоло "Арбоби ҳунари Тоҷикистон")'''- унвони фахриест, ки [[28 март]]и соли [[1939]] Президиуми Совети олии [[ҶШС Тоҷикистон]] таъсис намудааст. Унвон ба режисёрон, дирижёрон, оҳангсозон, меъморон, рассомон, ҳайкалтарошон ва диг. Ходимони санъат барои офаридани асарҳои барҷастаи соҳаи санъат, тарбия ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷумҳурӣ ва барои офаридани корҳои илмӣ дар соҳаи санъат дода мешавад. Ашхосе, ки сазовори унвони “Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” гаштаанд, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома мегирифтанд.
 
Солҳои 1939 – 1989 '''"Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон"''', Мувофики Укази Президиуми Совети олии [[ҶШС Тоҷикистон]] аз [[6 январ]]и соли [[1989]] унвони “Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон” ба '''“Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон”''' иваз карда шуд. Минбаъд,солҳои 1991 – 1996 - '''"Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон"''' ном дошт.
 
Унвони фахрии '''Арбоби ҳунари Тоҷикистон''' бо фармони Президенти ҶТ январи [[соли 1997]] таъсис ёфтааст. Ин унвони фахрӣ ба коргардонҳо, композиторон, рассомон, меъморон, ҳайкалтарошон ва дигар ходимони санъат барои эҷоди асарҳои барҷаста ва корҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни санъат, тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг дода мешавад.
Сатри 8:
 
* 1997: [[Арутюнян Норайр]] (ҳайкалтарош), [[Раҷабмад Амиров ]] (арбоби фарҳангӣ), [[Муриват Бекназаров ]] (рассом), [[Анушервон Бекасиён]] (рассом), [[Шамсӣ Низомов]] (коргардони театр), [[Валимад Одинаев]] (рассом), [[Шарифхон Орифов]] (мутриб, арбоби фарҳангӣ), [[Юсуфҷон Сангов]] (рассом),[[Рамазон Сафаров]] (рассом), [[Сербул Григорий]] (рассом).
* 1998: [[Раҳматулло Абдураҳмонов]] (рассом), [[Раҳмат Ботуралиев]] (рассом), [[Иброҳимҷон Ғаниев]] (собиқадори матбаа), [[Наримон Каримов]] (арбоби фарҳангӣ), [[Акмал Миршакаров]] (рассом), [[Просмушкин Евгений]] (рассом), [[Қурбон Раҳимов]] (рассом), [[Юсуф Саодатов]] (устоди мусиқӣ), [[Султон Сафар]] (драматург), [[Фоменко Евгений]] (рассом), [[Қурчибек Юсуфов]] (меъмор).
* 1999: [[Гаврилова Римма]] (санъатшинос), [[Заболотников Виктор]] (рассом), [[Сафаралӣ Қурбонов]] (арбоби фарҳангӣ), [[Музаффар Мансурхоҷаев]] (реж. филмҳои тасвирӣ), [[Қодир Раҳимов]] (арбоби фарҳангӣ, ширинкор), [[Мизроб Холов]] (рассом), [[Муҳиддин Хоҷаев]] (нависанда), [[Чалкин Валерий]] (рассом), [[Чечетка Виктор]] (рассом).
* 2000: [[Заррина Миршакар]] (оҳангсоз), [[Зокир Нишонов]] (оҳангсоз), [[Саидалӣ Шералиев]] (арбоби фарҳангӣ).
* 2001: [[Ҷӯрабой Охунов]] (оҳангсоз), [[Юрий Пӯлодов]] (арбоби фарҳангӣ), [[Қудратулло Ҳикматов]] (оҳангсоз).
* 2002: [[Аллабергенев Ботир]] (рассом), [[Бек Наимов]] (рассом), [[Анваршо Сайфиддинов]] (рассом), [[Аҳмад Юсуфов]] (рассом).
* 2008: [[Ҷононбек Асоев]] (рассом), [[Амирбек Мусоев]] (оҳангсоз).
 
==Манобеъ==
* Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 3. – Душанбе,2004, с. 311.[http://kmt.tj/?book_id=83 kmt.tj]
* [http://kmt.tj/?book_id=83 kmt.tj Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик ]
[[Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон]]