Акбар Нурматов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Акбар Нурматов
 
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 8:
|Вазифа= олим
}}
'''Акбар Нурматов''' (17.12.1942, ш.[[ Хуҷанд ]]), патфизиолог, доктори илмҳои [[тиб]] (1987), [[профессор]] (1991). <ref>http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html</ref>
== Зиндагинома ==
Дастпарвари ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1966). Ординатори клиникии шуъбаи ёрии таъҷилӣ дар ш.Душанбе (1966-68), аспиранти Пажуҳишгоҳи физиологияи нормали ва патологии АИ ИҶШС (1968-71), ассистенти кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ (1971-1985), ходими калони илмӣи Пажуҳишгоҳи тибби таҷрибавии АИ ИҶШС дар ш.Ленинград (1985-1987), дотсент (1987-1989), мудири кафедраи физиологияи нормалии [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] (1989-1993), ҳамзамон декани курсхои поёни факултаи муолиҷавии донишкада. Соли 1993 ба [[Хуҷанд]] куч бастааст. Яке аз ташкилкунандагони факултаи тибб дар назди [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] мебошад. Мудири кафедраи патфизиологияи факултаи тиббии ДДХ (1993-1997), мудири ҳамин кафедра дар бахши Хуҷандии ДДТТ (1997-2005), ноиби директор оид ба таълими шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон (аз с.2005). Нурматов мутахассиси намоёни сохаи физиологияи патологӣ буда, муаллифи 47 мақолаи илмӣ ва як ихтироъ (1987) мебошад. Таҳти рохбарии Нурматов ду нафар рисолаи номзади дифоъ карданд. Иштироккунандаи як қатор ҳамоиш ва конфронсхои байналмилалӣ, аз чумла дар Бишкек (1986), Маскав (1987), Ленинград (1986). Бо медали ҷашнии «1000-солагии Ибни Сино» қадрдонӣ шудааст.