Мирзо Олимов: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х таҳрир |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х таҳрир |
||
Сатри 1:
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Мирзо Олимов
|Номи аслӣ=Мирзо Раҳимович Олимов
|Акс=noimage.gif
|Зодрӯз= [[18 июн]]и [[соли 1935]]
|Зодгоҳ= [[
|Даргузашт=[[10 феврал]]и с.[[2001]]
|
}}
''' Мирзо Раҳимович Олимов''' - табиби варзидаи тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи [[Зумрад]] дар [[ноҳияи Исфара]]/
== Зиндагинома ==
=== Мухтасар ===
* 1959 - Баъди хатми Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон як муддат духтури оддии БМН-Исфара буд.
Сатри 19:
* 1975 - Сардухтури Осоишгоҳи «[[Зумрад]]»
=== Муфассал ===
Дар яке аз деҳкадаи нохияи Сӯх, ки аҳолиаш саропо [[тоҷикон]] буданд, дар хонаводаи деҳкон - Олим саркор тифле ба дунё омад, ки номашро Мирзомуҳаммад ниҳоданд. Мирзо ҳангоме ба дунё омад, ки аҳволи иҷтимоии оилаашон хеле хароб буд, модараш аз ҳар чиҳат дар зиндагӣ азоб мекашид. Ин буд ки Мирзои хурдсол ҳанӯз хеле барвақт бори зиндагиро бар души худ гирифт. Дар он солҳо деҳкадаашон мактаби миёна надошт. Мирзо пас аз итмоми мактаби ҳафтсола ба шаҳраки Сӯх рафту дар интернат манзил гирифт. На ҳар кас кӯшиш мекард, ки мактаб хонад, вале Мирзо ҳанӯз барвақт дониста буд, ки дониш, хирад ва илм метавонад ӯро ба қуллаи мурод барад. Бо вуҷуди ин Мирзо пас аз хатми мактаби минёна таҳсилашро идома надод, ҳарчанд, ки аз ҷону дил мехост хонаду пизишк шавад. Шароити вазнини оилавӣ ӯро маҷбур намуд, ки баъди таҳсили мактаби миёна дар дар колхоз ба сифати подабон ба кор дарояду пеш аз ҳама зиндагии хонаашонро дуруст кунад. Пас аз як соли кор модараш ӯро намонда, хоҳиш кард, ки таҳсилашро давом диҳад. Ба нияти пизишк шудан соли 1953 ӯ роҳи пойтахти [[Тоҷикистон]]ро пеш гирифт. Дар мактаби олӣ хуб хонд. Соли 1959 вай Донишгоҳи тиббиро ба охир расонд.Табиби ҷавон бо умеди он, ки ба модараш наздик шавад, бисёр мехост ӯро ба Исфара ба кор фиристонанд. Рӯзи аввали ба маркази вилоят омаданаш ӯро ба [[ноҳияи Ашт]] ба кор таъин карданд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баъди як-ду рӯз хушхабар расониданд, ки ӯро ба шаҳри [[Исфара]] ба кор таъин карданд ва он марди фозил Нарзи Ҳайитов буду Мирзои ҷавонро ба сифати духтур ба кор гирифт. Мирзо Олимов бо тамоми вуҷудаш ба кор часпид. Меҳнатдӯстӣ ва соҳибтаҷрибагии ӯро ба назар гирифта, баъди шаш моҳи кораш ба ӯ хона доданд. Акнун ӯ тамоман
== Асосгузори осоишгоҳи [[Зумрад]] ==
Дар ташкили осоишгоҳ ӯ асосан ба омилҳои тибии-табобатӣ такя мекард, ки яке аз он "Оби Шифо" буд. Орзуи ташкили осоишгоҳро хамеша дар дил дошт. Акнун шахсе лозим буд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ин шахси бузург, ки барои имрӯзи [[Исфара]] хеле корҳои шоёнро кардааст, Ортиқбой Қурбонов гардид. Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри [[Исфара]] бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Дар аввал ин минтақа ҳамчун хонаи истироҳатӣ амал кард. Баъди се соли фаъолияти хонаи истироҳатӣ, ки соли 1972 ташкил шуда буд, бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳр,
==Осор== Мирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи "Курорт Исфара - санаторий Зумрад", "Меҳрномаи Сино", "Уринамуолиҷа" ва ду филми мустанаде дар ситоиши "Зумрад" эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. ==Мукофот==
Хизматҳои арзандаи сардухтури осоишгоҳи "[[Зумрад]]" Мирзо Олимов аз тарафи ҳизбу ҳукумат бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат", медали "Барои меҳнати шоён", бахшида ба 100-солагии В.И. Ленин, "Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ", медалҳои ба номи Пирогов, ба номи Боткин ва ниҳоят унвони баланди соҳаи тандурустии [[Тоҷикистон]] "Ходими шоистаи сиҳатии оммаи Тоҷикистон" қадр шудааст.
== Нигаред ==
*[http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9E%D0%BB%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2,_%D0%9C%D0%B8%D1%80%D0%B7%D0%BE_%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87 Маълумот бо забони русӣ]
==Пайвандҳои беруна==
<references/>
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Табибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Ноҳияи Исфара]]
|