Кимиё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ботили нусхаи 651021 аз тарафи 77.95.1.55 (Баҳс)
No edit summary
Сатри 1:
'''Химия''' ва ё кимиё ин соҳа мебошад, ки дар бораи [[элемент]]ҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Химия ин фанни [[мактаб]]ӣ мебошад ва таълими он дар мактаб ҳатмист.
Кимиё - илм дар бораи таркиб, сохт, хосиятҳо ва табдилёбии моддаҳо мебошад.
Кимиё таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро муайян менамояд. Таркиби сифатӣ нишон медиҳад, ки моддаи додашуда аз кадом элементҳои кимиёӣ иборат мебошад. Таркиби миқдорӣ бошад, дар кадом таносубҳои миқдорӣ мавҷуд будани элементҳои моддаҳоро нишон медиҳад. Масалан, молекулаи об сифатан аз атомҳои ҳидроген ва оксиген иборат аст. Ин молекула миқдоран бошад, аз ду атоми ҳидроген ва як атоми оксиген таркиб ёфтааст.
Таркиби сифатӣ ва миқдории модда дар натиҷаи таҳлили ки-миёӣ муайян карда мешавад.
Кимиё инчунин сохт ва структураи моддаҳоро муайян карда, ба тартиби ҷойгиршавии атомҳо ва ё гурўҳҳои амалкунанда дар фазо нисбат ба якдигар рўшанӣ меандозад.
Кимиё хосиятҳои физикӣ ва кимиёии моддаҳоро меомўзад. Намуди зоҳирии моддаҳо, ҳолатҳои агрегатии онҳо, температураҳои ҷўшиш ва гудозиши моддаҳо, гармӣ- ва ҷараёнгузаронии онҳо бо хосиятҳои физикии моддаҳо мансубанд. Ба хосиятҳои кимиёӣ бошад, қобилияти ба дигар моддаҳо табдилёбии моддаҳои кимиёӣ мансуб мебошад.
Кимиё ба бахшҳое тақсим мешавад, ки онҳо бо вазифаҳо ва усулҳои кори худ аз ҳамдигар тафовут дошта, вале байни якдигар алоқаманд ва дорои соҳаҳои ҳаммарзӣ мебошанд.
Кимиёро шартан ба бахшҳои асосии зайл тақсим мекунанд: кимиёи ғайриузвӣ, кимиёи узвӣ, кимиёҳои назарӣ, умумӣ, физикӣ ва коллоидӣ, термокимиё, электрокимиё, технологияи кимиёӣ, кимиёи таҳлилӣ, кимиёи маводӣ, биокимиё ва ғайра.
Кимиёи ғайриузвӣ элементҳо ва мураккаботи (пайвастҳо) онҳоро (ба ҷуз мураккаботи дорои атоми карбон, ки онҳоро кимиёи узвӣ меомўзад) меомўзад.
Кимиёи узвӣ мураккаботи карбонро меомўзад (ба ҷуз оксидҳои карбон, тезоби карбон ва намакҳои он, карбидҳо, сианидҳо, роданидҳо ва баъзе дигар мураккаботи карбон).
Кимиёҳои назарӣ, умумӣ ва физикӣ сохти моддаҳо, ҳодисоти физикӣ ва қонунияти гузариши таомулҳои кимиёиро меомўзад.
Термокимиё табдилёбии энергияро зимни таомулҳои кимиёӣ меомўзад.
Технологияи кимиёӣ равандҳои истеҳсолиеро меомўзад, ки дар онҳо таомулҳои кимиёӣ мегузаранд.
Электрокимиё алоқамандии байни таомулҳои кимиёӣ ва ҳодисоти электрикиро меомўзад.
Кимиёи таҳлилӣ таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро меомўзад.
Биокимиё гузариши равандҳои кимиёиро вобаста аз омилҳои гуногун дар узвиёти зинда меомўзад.
 
== Нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кимиё"