Ҷӯрабек Муродов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Манбаъ: бот: ҳазф карда истодааст
х илова
Сатри 14:
* Солҳои 1962-1963 баъд аз хатми [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи педагогии Ленинобод]] ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоӣ кор дар [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|донишкада]].
* Солҳои 1963 - 1992 - ҳофиз, роҳбари дастаи бадеӣ, роҳбари бадеии [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии Тоҷикистон]].
* Аз соли [[1992]] - ҳофизи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]], сипас роҳбари бадеии ансамбли Шашмақоми[[Шашмақом]]и назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, [[профессори]] [[Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва [[Факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]] (аз соли 1994).
* Аз соли [[2006]] - ба ҳайси ҳофизи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] кор карда истодааст.
== Эҷодиёт ==
Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ - «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов]]), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди [[Домулло Ҳалим]]), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхон]], [[Домулло Ҳалим]], устод Шодӣ, [[Акашариф Ҷӯраев]], [[Бобоқул Файзуллоев]], ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шуҳратёрии ӯ дар ҷодаи санъат.
 
Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад. Аз ҷумла, соли 1998 ҷилди якуми китоби бисёрҷилдаи тарҷумаиҳолӣ дар Москва таҳти унвони «Дар тамаддуни имрӯза, кӣ кӣ аст?» аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, қисматҳои «Инсони асри ХХ», «200 нафар арбоби барҷастаи имрӯз» ва «Хазинаи тиллоӣ»-ро дар бар мегирад.
Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар байни 200 нафар шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон, аз қабили санъаткорони бузург Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Валерий Леонтев, Лариса Долина ҳунарманди маҳбуби мо, устод Ҷӯрабек Мурод низ ҷой гирифтааст.<ref>[http://faraj.tj/culture/1460-bori-d1263shi-borbad-bardosht1251.html Бори дӯши Борбад бардоштӣ…]</ref>
== Феҳристи сурудҳо ==
{{Listen