Муҳаммадюсуф Имомзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи акс
х таҳрир
Сатри 6:
|Зодгоҳ= ш. [[Душанбе]]
|Даргузашт=
|Вазифа= олим, академик
|Вазифа=Ректори [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
}}
 
'''Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич''' - олим, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).<ref>http://www.ozodagon.com/18834-prezident-akbar-tursun-va-5-nafari-digar-akademik-shudand.html Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд, 15 ноябр 2014</ref> Аълочии маорифи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]], узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии [[Федератсияи Русия]], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот ([[Оксфорд]], [[Англия]]).
==Ҳолнома==
Маҳмаисуф Сайдалиевич Имомов [[28 апрел]]и соли [[1959]] таваллуд ёфта, соли [[1981]] факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз лаборанти калони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1981-1984) оғоз карда, сипас солҳои 1984-1985 муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Солҳои 1985-1991 М.С. Имомов аввал аспирант, сипас дар вазифаи ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли [[1990]] ӯ дар мавзӯи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
Сатри 16:
Фаъолияти ташкилотчигӣ ва илмӣ-омӯзгории профессор М.С. Имомовро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 ӯро ба вазифаи ректори [[Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия]] ва дар соли 2012 роҳбари бузургтарин донишгоҳи кишвар – [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] таъин намуданд.
Дар ин муддат тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии донишгоҳии танзимкунандаи ҷараёни таълим, тарбия, фаъолияти илмӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаҳо омода гашта, дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасӣ ва бо фармонҳои ректори донишгоҳ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Ҳангоми роҳбарии худ профессор Имомов М.С. дар [[Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия]] барои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин самарабахшии сифати таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он, ҳамчунин дар Федератсияи Руссия саҳми бориз гузоштааст. Дар ин даврон дар назди Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Бунёди “Русский мир” боз гардида, Форуми хатмкардагони донишгоҳҳои Федератсияи Руссия бо унвони “Илм ва маориф” ва бо ширкати зиёиёну олимони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ гузаронида шуд. Дар доираи барномаи мақсадноки федеролӣ таҳти унвони “Русский язык” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Маркази таҳсилоти байналмиллӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои забони русӣ гузаронида шуд. Дар даврони сарварии профессор Имомов М.С. се маркази бузург, ки бо масоили гуногуни кишварҳои ИДМ машғул мешаванд бо унвони “Маркази пажӯҳишҳои геополитикӣ”, Маркази “Шарқ - Ғарб” ва “Маркази Забони тоҷикӣ” дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва таъсис дода шуд. Аз соли 2012 ректори [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] мебошад.
== Осори илмӣ ==
Сатри 31:
М.С. Имомов профессори фахрии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
 
Барои саҳми беандоза дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи илму маориф профессор Имомов М.С. узви вобастаипайастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Россия интихоб шудааст.
 
Барои хизматҳои шоён ва арзанда дар назди халқу ватан, саҳми беандоза дар рушди дӯстиву ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ дар миёни кишварҳои гуногун профессор Имомов М.С. бо ордени “Дӯстӣ” (2011), Ифтихорномаи Комитети Иҷроияи ИДМ (2011), Ифтихорномаи Шӯрои ҳамкориҳои соҳаи маориф дар кишварҳои ИДМ сарфароз гардонида шудааст. Дар соли 2012 профессор Имомов М.С. ба дараҷаи “Ходими хизматнишондодаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия” сазовор гардид.
Сатри 46:
[[Гурӯҳ:Рӯихати академикон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣфахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон]]