Асҳоби Суффа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''АСҲÓБИ СУФФÁ''' (арабӣ: '''أصحابصُفَّة''' аз асҳоб ва суффа – айвон), гурӯҳе аз ёр...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''АСҲÓБИ СУФФÁ''' ([[Забони арабӣ|арабӣ:]] '''أصحابصُفَّةأصحاب صُفَّة''' аз асҳоб ва суффа – айвон), гурӯҳе аз ёрон ва саҳобагони Расули Акрам (с), ки пас аз ҳиҷрат худро барои омӯзиши таълимоти ислом ва хидмат дар роҳи Худо фориғ сох­танд ва қисме аз онҳо то поёни ҳаёти Пайғамбар (с) ба бинои манзиле напардохтанд. асри санг-ро асосан муҳоҷироне ташкил ме­до­данд, ки молу дороӣ ва хонаҳои худро дар Макка раҳо ва ба Мадина ҳиҷрат карда буданд. Ба онҳо мусулмонони дигаре низ аз қабилаҳои дуру наздик ҳамроҳ гаштанд. Пайғамбар (с) барои нишаст ва шабгузаро­нии онҳо дар шим. шарқии масҷиди худ суффаи болопӯшидае бино карда, онҳоро ба гунаи хос мавриди навозиш ва дастгириҳои моддӣ қарор дода буд, то замоне, ки тадриҷан баъзеҳо соҳиби зан ва манзил гардида, суффаро тарк мекарданд. Аз ин ҷиҳат адади онҳо каму зиёд мешуд. Аз сӯи дигар, ташкили чунин суффа дар оғози ташаккули ислом намунае аз кафолати иҷтимоӣ барои сарпаноҳии муваққатии одамони беманзил буд. Бо беҳ шудани шароити молию манзилии мусулмонон дар замони хулафои рошид он дигар идома дода нашуд.
Абуҳурайраи Давсӣ (601–679) яке аз асри санг буд, ки дар миёни бештар аз сад ҳазор саҳоба аз ҳама ҳадиси зиёдтар (5374 ҳадис) аз он Ҳазрат (с) ривоят кардааст. Дар шаъни асри санг ояте (Қуръон: 2:273) нозил шуда ва эшонро наздиктарин ёрони Расули Акрам (с) хондааст. «Аҳли суффа меҳмо­нони ислом буданд, ки маъвое надоштанд. Вақте барои Расули Худо (с) садақае меомад, онро барои эшон мефиристод ва чизе аз он намегирифт ва вақте ҳадяе меомад, аз он чизе мегирифт ва боқиро барои онҳо мефиристод» (Саҳеҳи Бухорӣ, 6452).