Атмосфера: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Portrait of Jupiter from Cassini.jpg|thumb|right|View of Jupiter's active atmosphere, including the [[Great Red Spot]].]]
 
'''Атмосфера''' қабати [[ҳаво]]и буда дар он хаёт мавчуд аст.<br />
{{оид ба қабати [[ҳаво]]ӣ буда|маъноҳои дигар|Атмосфера (маъноҳо)}}
'''АТМОСФЀРАИ ЗАМЍН''' ([[Забони юнонӣ|юн.]] ''ατμός'' — бухор ва ''σφαῖρα'' — кура), ҷавви Замин — қабати гази (геосфера)-и атрофи кураи Замин. Маъмулан, зери мафҳуми атмосфераи Замин ҳамон соҳаи газии атрофи Заминро мефаҳманд, ки дар он муҳити газӣ ҳамроҳи Замин чарх мезанад. Ғафсии атмосфераи Замин аз сатҳи Замин тақрибан 2000–3000 км аст. Ҷирми массаи умумии атмосфераи Замин тақрибан (5,15–5,3)•1018 кг аст. Аз ин миқдор ҷирми ҳавои хушк 5,1352•1018 кг, ҷирми умумии бухори об тақрибан 1,27•1016 кг-ро ташкил медиҳад. Зичии ҳаво дар назди сатҳи баҳр тақрибан 1,2 кг/м<big>3</big> ва фишор дар ҳарор. 0°С дар сатҳи баҳр ба 101,325 кПа аст. Дар шароити муқаррарӣ зичии ҳаво 1,2 кг/м<sup>3</sup>, фишори барометрӣ 101,35 кПа, ҳарор. +20°C ва нами нисбӣ 50 % мебошад. Фишор ё худ зичии атмосфераи Замин бо зиёд шудани баландӣ мекоҳад. Паҳнои атмосфераи Замин ҳазорҳо км тӯл кашад ҳам, миқдори асосии он дар қабати назди сатҳи Замин ҷой гирифтааст. Қариб 50% ҷирми атмосфераи Замин дар 5 км аввал воқеъ аст. Зичии атмосфераи Замин дар сатҳи Замин 10–3 г/см<big>3</big>, дар баландии 700 км тақрибан 10–16 г/см<sup>3</sup> ва болотар аз он баробари зичии муҳити байнисайёравӣ аст (яъне сарҳадди атмосфераи Замин муайян нест). Атмосфераи Замин асосан аз газҳо ва ғашҳои гуногун (ғубор, қатраҳои об, булӯрҳои ях, намакҳои баҳр, дуд) иборат аст. Ҳаҷми газ­ҳои мавҷуда дар атмосфераи Замин амалан доимӣ мемонад (ҷуз об ва гази карбонат СО2).<br />
Атмосфераи Замин аз омехтаи нитроген (78,084%), оксиген (20,948%), газҳои инертӣ – 0,934% аргон, 0,000524% гелий, 0,0018% неон, 0,000114% криптон, 8,7•10–6 ксенон, инчунин аз ҳидроген (5-10•10–5), метан (2•10–4), гази карбон (0,0314%), оксиди нитроген (I) (5•10–5), оксиди сулфур (IV) (0–10–4), озон (0–7•10–6), оксиди нитроген (IV) (0–2•10–6), миқдори ночизи аммиак, оксиди карбон ва йод иборат аст. Таркиб ва хосиятҳои физикии атмосфераи Заминро ба воситаи аэростат, куразонд, радиозонд, ҳавопаймоҳо, қабатҳои болоии онро ба воситаи мушакҳои ҳавосанҷӣ ва радифҳои маснӯи Замин таҳқиқ мекунанд. атмосфераи Заминро вобаста ба тақсимоти ҳарорат дар қабатҳои гуногун ба чанд қабат (тропосфера, стратосфера, мезосфера, термосфера, экзосфера), ки хосиятҳои гуногуни физикавӣ доранд, ҷудо мекунанд. Инсон дар баландии 5 км аз сатҳи баҳр норасоии оксигенро ҳис мекунад. Дар баландии 19–20 км фишори атмосферӣ то 47 мм сутуни симобӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, дар ин баландӣ об ва моеи байни ҳуҷайраҳои организми инсон ба ҷӯш меояд. Дар берун аз ҳуҷраи ҳавоногузар одам дар як лаҳза ҳалок мешавад. Ҳамин тариқ, аз нигоҳи физиологияи инсон «Кайҳон» 15–19 км болотар аз сатҳи Замин сар мешавад.<br />