Фарқият байни намунаҳои "Атмосфера"

no edit summary
{{маъноҳои дигар|Атмосфера (маъноҳо)}}
'''АТМОСФЀРА''' ([[Забони юнонӣ|юн.]] ''ατμός'' — бухор ва ''σφαῖρα'' — кура)
# Атмосфера — воҳиди ғайрисистемавии фишор, ки тақрибан ба фишори атмосферӣ дар рӯии Замин (дар сатҳи Уқёнуси Ҷаҳонӣ) баробар аст.
# Атмосфераи Замин, ҷавви Замин — қабати гази (геосфера)-и атрофи кураи Замин. Маъмулан, зери мафҳуми атмосфераи Замин ҳамон соҳаи газии атрофи Заминро мефаҳманд, ки дар он муҳити газӣ ҳамроҳи Замин чарх мезанад. Ғафсии атмосфераи Замин аз сатҳи Замин тақрибан 2000–3000 км аст.
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Физика]]