Атмосфераи саёраҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''АТМОСФÉРАИ САЙЁРÁҲО''' қишри берунии газии сайёраҳо, ки бо қувваи ҷозиба нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи сайёраҳои Манзумаи Офтоб дорои атмосфера мебошанд, зеро массаи бузург ва қувваи ҷозибаашон барои нигоҳ доштани газҳо кофист. Лекин газҳои сабук (ҳидроген, гелий) аз атмосфераи сайёраҳои хурд ба осонӣ бухор мешаванд. Таркиби атмосфераи Замин (ниг. низ Атмосфераи Замин) аз атмосфераи дигарон сайёраҳои Манзумаи Офтоб фарқ дорад, чунки равандҳои гуногуне, ки ҳаёт­ро дар Замин ҳамроҳӣ мекунанд, шароити ба вуҷуд омадани оксигени барои мавҷудоти зинда заруриро фароҳам овардаанд. Атмосфераи сайёра таҳти таъсири энергияҳои гуногун қарор дорад, ки онро аз Офтоб ва манбаъҳои дохилӣ мегирад. Онҳо сабабгори пайдоиши силсилаҳои динамикии обу ҳаво, ба монанди тундбодҳо (дар Замин), тӯфони чанг (дар Миррих), тӯфони зидди­сиклонӣ («Доғи сурхи бузург» дар Муштарӣ) ва «доғҳо» дар атмосфера (дар Нептун) мегарданд. <br />
Атмосфераи Моҳ аз қишри тунуки газӣ иборат буда, зичиаш назар ба зичии атмосфераи Замин миллионҳо маротиба кам аст (фишор дар сатҳи он 10 нПа) ва асосан аз ҳидроген, гелий, неон ва аргон иборат мебошад. Он ба Моҳ таъсире намерасонад ва ба зиндагии инсон мутобиқ нест. Манбаи атмосфера равандҳои дохилӣ (хориҷ шудани газҳо аз қаъри Моҳ ва вулканҳо) ва беруна (афтиши шиҳобҳо, боди офтобӣ) мебошанд. Ба сабаби қувваи ҷозибаи суст Моҳ газҳои аз сатҳаш хориҷшударо нигоҳ дошта наметавонад ва қисми зиёди онҳо ба Кайҳон паҳн мешаванд. Таҳқиқи атмосфераи Моҳ нишон дод, ки дар он атомҳои натрий ва калий низ вуҷуд доранд. Ғаноиши зарраҳо дар 1 см3 сатҳи Моҳ шабу (105) рӯз (104) фарқ дошта, аз нишондоди Замин (2,7•1019) хеле кам аст. <br />
Атмосфераи Миррих қишри газии ҳудуди тақрибан 110 км буда, бо таркиб ва нишондодҳои физикии худ аз атмосфераи Замин ба куллӣ фарқ мекунад. Дар сатҳи он фишор 0,7–1,155 кПа-ро ташкил медиҳад, ки ба 0,009 ҳис­саи фишори заминӣ ё муодили фишори заминӣ дар баландии даҳҳо км аст. Миррих ва Зуҳра майдони магнитии ниҳоят суст (дар муқоиса бо Замин) доранд ва аз ин сабаб боди офтобӣ атмосфераи онҳоро ба Кайҳон мебарад. 95 дарсади атмосфераи Миррих аз гази карбон ва омехтаи газҳои нитроген, аргон, оксиген ва ғайра иборат аст. Дар он инчунин изи метанро пайдо намудаанд, ки далели мав­ҷуд будани ҳаёт дар сайёра аст (чунки вулканҳои амалкунандаи метанро хориҷкунанда ёфт нашудаанд). Аз сабаби ниҳоят тунук будани атмосфера ҳарор. рӯзона дар хатти истиво аз +30ºС то –80ºС дар шаб тағйир меёбад, ки сабаби он афканиши бемумониати энергияи ҳароратӣ ба Кайҳон мебошад. Массаи атмосфера дар давоми сол аз сабаби конденсатсия (дар зимистон) ва бухоршавии (дар тобистон) миқдори зиёди гази карбон дар қутбҳо (кулоҳҳои қутбӣ) тағйир меёбад. Сохтори атмосфераи Миррих чунин аст: атмосфераи поёнӣ (0–45 км), атмосфераи миёна (45–110 км) ва термосфера (110–200 км).<br />