Атмосфераи саёраҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Planets2012.jpg|alt=Сайёраҳо|thumb|508x508px557x557px|Сайёраҳо]]
'''АТМОСФÉРАИ САЙЁРÁҲО''' — қишри берунии газии сайёраҳо, ки бо қувваи ҷозиба нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи сайёраҳои Манзумаи Офтоб дорои атмосфера мебошанд, зеро массаи бузург ва қувваи ҷозибаашон барои нигоҳ доштани газҳо кофист. Лекин газҳои сабук (ҳидроген, гелий) аз атмосфераи сайёраҳои хурд ба осонӣ бухор мешаванд. Таркиби атмосфераи Замин (нигаред низ [[Атмосфераи Замин]]) аз атмосфераи дигарон сайёраҳои Манзумаи Офтоб фарқ дорад, чунки равандҳои гуногуне, ки ҳаёт­ро дар Замин ҳамроҳӣ мекунанд, шароити ба вуҷуд омадани оксигени барои мавҷудоти зинда заруриро фароҳам овардаанд. Атмосфераи сайёра таҳти таъсири энергияҳои гуногун қарор дорад, ки онро аз Офтоб ва манбаъҳои дохилӣ мегирад. Онҳо сабабгори пайдоиши силсилаҳои динамикии обу ҳаво, ба монанди тундбодҳо (дар Замин), тӯфони чанг (дар Миррих), тӯфони зидди­сиклонӣ («Доғи сурхи бузург» дар Муштарӣ) ва «доғҳо» дар атмосфера (дар Нептун) мегарданд.