Абдуссалом Атобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
(Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=Атозода |Номи аслӣ=Атобоев Абдуссалом |Акс=Noimage.gif |Санаи таваллуд=24...)
 
No edit summary
}}
 
'''АТОБÓЕВ Абдуссалом''' (тахаллус Атозода; 24.04.1934, [[Ноҳияи Исфара]] – 28.04.1985, [[Душанбе]]) — нависанда ва драматурги тоҷик. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар газетаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 асри 20 чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст.
 
'''АТОБÓЕВ Абдуссалом''' (тахаллус Атозода; 24.04.1934, Ноҳияи Исфара – 28.04.1985, Душанбе) — нависанда ва драматурги тоҷик. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар газетаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 асри 20 чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст.
== Эҷодиёт ==
Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфта­анд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.71</ref>