Алӣ ибни Абутолиб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Али ба Алӣ кӯчонида шудааст
 
No edit summary
Сатри 1:
{{шиъа}}
#REDIRECT [[Алӣ]]
'''Алӣ ибни Абу Толиб''' ({{lang-ar|علي بن أبي طالب}}) — халифаи чаҳоруми [[хилофат|хилофати араб]], писари амак, домод ва [[саҳоба]]и ҳазрати [[Муҳаммад]] буд. Номи пурра — '''Абул-Ҳасан Алӣ ибни Абу Толиб ал-Қурайшӣ'''. Лақаб — '''Шери Худо'''.
 
== Таърих ==
Алӣ тайи панҷ солу шаш моҳ, ки хилофат кард, пайваста гирифтори ҷанг буд ва се гурӯҳ аз мухолифони ӯ буданд. Гурӯҳи нахустин касоне буданд, ки бо ӯ байъат карда, сипас паймоншиканӣ карданд ([[Талҳа]] ва [[Зубайр]]), ононе, ки аз тобеият ба Алӣ сар боз заданд [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] ва ононе, ки аз дар дин навоварӣ ҷорӣ карда, аз он берун рафтанд (чун хавориҷи Наҳравон).
Зиндагии Алӣ боризтарин ва ибратомӯзтарин намунаи ҷонфидоиҳо буд дар роҳи Худо, дар роҳи Ҳақ ва ҳакиқати ислому суннати поку муқаддаси [[Расули Худо (с)]]. Пас мардумон аз паси Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу бо Ҳасан ибни Алӣ байъат карданд. Ва нахустин касе ки ба ӯ байъат кард, Қайс ибни Саъд ибни Ибода буд, гуфт: «Байъат мекунам бо ту бар ҳукми Худои таоло ва бар суннати пайғамбар (с)». Ва ҳамон рӯз донистанд мардумон, ки Ҳасанро нияти ҳарб кардан нест. Ва чун мардумони [[Куфа]] ва [[Ироқ]] бо Ҳасан (р) гирд омаданд ва гуфтанд: «Сипоҳ берун бар» Ҳасан чора наёфт, аз Куфа берун омад бо чиҳил ҳазор мард ва ба Мадоин омад. [[File:Ali And his Sons.JPG|thumb|left|200px|Алӣ ибни Абу-Толиб ва фарзандони ӯ.]] Ва Қайс ибни Саъд ибни Ибодаро бар муқаддима бифиристод бо дувоздаҳ ҳазор мард. Ва ба аввали ҳадди Шом бинишаст шашуми моҳи раббеъ-ул-аввал ба соли чиҳилу як ва Муғира ибни Шӯъба ба Макка буд аз қибали Алӣ ва чун Алӣ (р) кушта шуд, [[Муовия писари Абусуфиён| Муовия]] мар Муғираро аҳди Макка дод. Ва ба хабари дигар андар эдун гуфтанд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба Басра буд, ки Алиро бикуштанд. Ва кас фиристода буд, ки аз ӯ шумор хоҳад. Ва Ҳасан чандин гоҳ ба Мадоин нишаста буд. Чун мардумон донистанд, ки ӯ ҳарб нахоҳад кардан, ҳар касе ҳилаи кори хеш ҳамекарданд ва сӯи Муовия ҳамегурехт. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нома кард сӯи Муовия, ки ман сӯи ту оям ба Шом бад-он шарт, ки шумори Басра аз ман нахоҳӣ. Муовия иҷобат кард. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос ба Шом шуд. Ва гурӯҳе эдун гӯянд, ки ин Убайдуллоҳ буд бародари ибни Аббос, ки аз [[Муовия писари Абусуфиён| Муовия]] сулҳ хост бар он ки бо ӯ шумори Басра накунад. Иҷобат кардаш. Ва Убайдуллоҳ сӯи Муовия шуд. Ва сипоҳ бар Ҳасан ибни Алӣ (р) бишӯриданд ва аз ӯ дирами байъат хостанд ва хештанро ба саропардаи андар афканданд ва ғорат карданд ва ӯро маҷрӯҳ карданд. Ва [[Муовия]] биёмад бо ҳама аҳли Шом. Ва бар ҳадди Ироқу [[Шом]] ҷое аст, он ҷо Маскин хонанд, он ҷо бинишаст. Ва кордори Ҳасан бар Мадоин Саъд ибни Масъуд буд, амми Мухтор ибни Абиубайд ас-Сақафӣ. Ва Мухтор бериш буд ҳануз ва бо амм буд. Чун дид, ки кори аммаш ва они Ҳасан (р) бишӯрид, аммро гуфт: «Агар коре хоҳи кард аз корҳои мардон, Ҳасани Алиро бибанд ва сӯи Муовия фирист, то туро вилояти Умайя бошад». Аммаш гуфт: «Лаънати Худой бар ту ва Муовия бод! Маро мефармоӣ, ки набераи Пайғамбар (с), ки беҳтарин халқ аст, бибандам ва сӯи писари [[Бӯсуфён]] бадтарин халқе фиристам». Пас Ҳасан (р) чун бидид, ки аҳли [[Ироқ]] бо падараш чӣ карданд, дилаш сард шуд аз эшон ба Муовия кас фиристод ва сулҳ хост бар он ки кор бад-ӯ супорад ва бо ӯ байъат кунад бар ин шартҳо: яке он ки бар Алӣ (р) лаънат накунад ва дигар он ки Ҳасанро ва аҳли байти Алиро ба Мадина фиристад, то он ҷо бибошанд ва он хоста, ки андар байтулмоли Ироқ аст. Ҳама ба Ҳасан гузорад, то ӯро бошад. Пас Муовия Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмони Сумраро бифиристод сӯи Ҳасан. Ва он ҳама шарт, ки карда буд, бипазируфт, магар лаънат кардан ба Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу ва-т-таҳия. Гуфт: «Барнагирам». Ва ба ҳама шаҳрҳои Шом андар чунон буд, ки хатиб рӯзи одина хутба кардӣ, аз паси хутба бар Алӣ (р) лаънат кардӣ. Муовия гуфт: «Чун рӯзи одина ту он ҷо ҳозир бошӣ, хатибро бигӯям, то пеши ту лаънат накунад». Пас Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмон ибни Сумра байъат бо Ҳасан ибни Алӣ (р) бигрифтанд ва бар ҳама фарзандони Алӣ.
 
Муовия нома кард ба зани Ҳасан – Асмо бинти Ашъас ибни Қайс ва гуфт: «Агар ту Ҳасанро ҳалок кунӣ, ман туро ба писари хеш диҳам – Язид алайҳи-л-лаъна» пас Асмо нома кард ба ҷавоб, ки ман надонам, ки чӣ гуна бояд ҳалок бояд кардан. Пас Муовия дасторча заҳролуд кард ва ба Асмо фиристод ва гуфт: «Чун Ҳасан бо ту дарояд ин дасторча ӯро деҳ то хештанро бад-ин пок кунад» пас чун Ҳасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Ҳасан хештанро пок кард ва он заҳр андар андоми Ҳасан кор кард ва андар он ҳалок шуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки шарбате заҳр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Ҳасанро диҳад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Ҳасан бипазируфта буд, ки то даҳ ҳазор мард ба ту диҳам ва даҳ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шаҳид шудани Ҳасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд [1, 1157-1162].
 
== Вафот ==
Вафот ва шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ пеш аз сапедадам дар шаби ҷумъаи бисту якуми моҳи Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ (баробар бо соли 661 милодӣ) иттифоқ афтод. Алӣ дар бомдоди нуздаҳуми ҳамон моҳ, ҳангоме ки аз хона барои адои намози субҳ берун омада ва ба масҷид ворид шуд, мавриди ҳамлаи яке аз хавориҷ бо номи Ибни Мулҷам қарор гирифт ва аз зарбаи ногаҳонии шамшери заҳролуди ӯ, ки ба фарқи сараш фуруд омад, захмӣ гардид.
 
== Адабиёт ==
* Али-заде, А. А. Али ибн Абу Талиб (архив ) // Исламский энциклопедический словарь. — М.: Ансар, 2007. — 400 с. — (Золотой фонд исламской мысли). — 3000 экз. — ISBN 5-98443-025-8.
* Прозоров С.М. Али б. Аби Талиб // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 18—19. — 315 с. : ил. — 50 000 экз. — ISBN 5-02-016941-2.
* Али бен-Аби-Талеб // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1989. — Т. 1.
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1993. — Т. 2.
* Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1998. — Т. 3.
* Петрушевский И. П. Ислам в Иране в VII—XV веках (курс лекций). — Изд-во Ленинградского университета, 1966. — С. 40.
== Сарчашма ==
* [http://www.islamnews.ru/news-136676.html В Йемене найден древнейший Коран и меч имама Али]
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Хилофати Араб]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Ислом]]