Вашгирд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Вашгирд''' – мулкест дар болооби [[дарёи Кофарниҳон]], сарзамини имрўзаи ноҳияи Файзобод.
<br />Вашгирд, яке аз шаҳрҳои калону ободи [[Тоҷикистон]] дар асрҳои миёна. Мавзеи ҷойгиршавии шаҳри Вашгирдро шарқшинос А. М. Беленитский дар соли 1946 муайян карда буд, ки он дар ҷойи харобаҳои Қалъаи Сангин ё Тали Возҷур дар 1,5 километрии ҷанубу шарқи маркази [[ноҳияи Файзобод]]и [[Тоҷикистон]] воқеъ гаштааст. Хароба­ҳои Вашгирд майдони тақрибан 80 га-ро фаро гирифтаанд. Вашгирд дар Авесто ба шакли Висагирд омада, дар «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]] ба гунаи Виса, Висагирд ва Висагон вобаста ба ҳангома­­ҳои атрофи [[Афросиёб]] ва вазири ӯ Виса ёд шудааст. Масалан:<br />''' ''' '''Ҳамон шаб сипаҳ андаровард гирд,''' [[Акс:Hojai hotam.jpg|thumb|300x300px]]''' Бирафт аз дари Балх то Висагирд.<br /> ''' Мутобиқи баъзе фарзияҳо Вашгирд аз истилоҳи «Вахш» ва «кард», яъне «кардаи (офаридаи) Худо Вахш» падид омадааст. Дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ низ ба шакли «Вашкирд» зикр шудааст. Дар «Ҳудуду-л-олам» мутобиқи талаффузи арабӣ Вашҷирд омада, мавқеаш дар фосилаи якрузаи Андиён (Андигон) ва дуруза роҳи Шумон ба самти шарқ зикр шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳои бостонӣ ҳамчун яке аз вилоятҳои Хуталон ном бурдаанд. Бино ба маълумоти солномаи чинии «Таншу» шаҳри У-ше-ке, яъне Вашгирд маркази вилояти Кумед буда, ба ҳудуди Хуталон медаромадааст. Воқеан, дар сарҳадди Вашгирд ва шаҳри Тамлиёти Хуталон пули сангине воқеъ буд, ки дар аҳди кишваркушоиҳои [[Искандари Мақдунӣ]] аз ҷониби таърихнигорони юнонӣ ёд шудааст. Масофаи байни Вашгирд ва пули сангин дурӯза роҳ буда, ҳамчун гузаргоҳ ба ҳудуди [[Хуталон]] хидмат мекард. Ҷуғрофиёдони араб Яъқубӣ низ Вашгирд-ро дар асри 10 ҳамчун шаҳри Хатлон ёд намудааст. Вашгирд дар асри 9 яке аз шаҳрҳои канории қаламрави ислом буда, ба хазинаи арабҳо ҳазор дирҳам хироҷ месупоридааст. Беҳуда нест, ки таърихнигори асри 11 араб Самъонӣ дар бораи Вашгирд чунин навишта буд: ''<u>«Мардум аз ҳама ҷо ба Вашгирд мешитобанд, зеро нархи наво дар ин ҷо бисёр паст мебошад. Дар он работҳо ва осори қадима зиёд аст. Ҷангҳое, ки дар аввали ислом дар ин ҷо шуда гузаштаанд, машҳуру маъруфанд ва онҳо дар китобҳо сабт гардидаанд»</u>''. Ба ақидаи Самъонӣ дар Вашигрд хатте вуҷуд дошт, ки марбути зардуштиён буд. Вашгирд Бартолд ин хатро ба алифбои санскритӣ ва даврони тасаллути бутпарастон мансуб медонад. Яъқубӣ Вашгирдро вилояти васеи сарҳаддӣ зикр карда, менависад, ки бо туркон ҳамҳудуд аст ва мардуми Вашгирд бо онҳо доимо дар ҷангу пархошанд. Бинобар ин дар ин вилоят 700 қалъаи мустаҳками ҳимоявӣ бунёд кардаанд. То имрӯз дар [[ноҳияи Файзобод]] мавзеъҳое бо номҳои Қалъаи Сангин, [[Қалъаи Дашт]], Қалъаи Сурх, Сарой ва дар ноҳияи Нуробод Қалъаи Пунбачӣ ёде аз он қалъаҳои бостонӣ меди­ҳанд. Яке аз шахсиятҳои машҳури Вашгирд Ҳотами Асамм (фавт. 851–52) буд, ки мақбараи ӯ бар дари работи Вашгирд ҷой дошт. Ҳоло дар мардумгоҳ мақбараи зебо сохтаанд. В. аз соли 1992 яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод мебошад.
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]