Шӯриши Восеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
 
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 9:
Ҳамаи ин шӯришу ошӯбҳо барои ҳаракати азиме, ки соли [[1887]] бекии Балҷувонро фаро гирифт, гӯё заминае тайёр карда буд. Ин шӯриш бо номи шӯриши [[Восеъ]] маъруф гаштааст.
Сабаби шӯриш он буд, ки мувофиқи талаби амалдорони амир деҳқонон мебоист аз ҳосиди яксола хироҷи на танҳо соли ҷорӣ, балки хироҷи солҳои пешинаи бехосилро ҳам диҳанд. Иҷрои ин кор дар асл деҳқонон ва аҳли оилаи онҳоро ба гуруснагӣ мерасонид. Бинобар он бо сардории Восеъ деҳқонони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдор дарафтоданд, ҳавлиҳои дигар ашрофро ба хок яксон сохтанд. Восеъ ба музофоти Балҷувону Кӯлоб одамони худро фиристод, ки мардум дар ҷанги зидди амир ба вай ҳамроҳ шаванд. Садҳо ҷабрдидаҳои дар атрофи сардори худ ҷамъ омаданд. Мардуми ҷамъомада бо сардории Восеъи ҷувозкаш роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Гуфтушуниди одамони бек бо шӯришчиён натиҷа набахшид. Бек хост бо як ҳамлаи ногаҳонӣ шӯришро пахш кунад. Вале ба Восеъ муяссар мешавад, ки сарбозонро гурезонда, қалъаи бекро ишғол намояд. Шӯришгарон бегуноҳонро аз зиндони бек раҳо доданд. Баъд қӯрхонаи қалъаро кушода, аслиҳаро байни худ тақсим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон буд. Хатои калони Восеъ ҳамин шуд, ки шӯришчиён аз ғалабаи худ мамнун шуда, кадаме аз Балҷувон берун намонданд.
Аз фурсат истифода намуда, ҳокими Балҷувон ба Кангурт расид ва аз он ҷо истода, аз ҳокимони Кӯлобу [[Ҳисор]] имдод талабид. Инчунин беки мазкур сарбозони парокандагаштаи худ ва ҳамаи ононе, ки бар зидди деҳқонони шӯришгар буданд, ҷамъ карда, ба сари Балҷувон тохт ва қалъаро гирифт.
Восеъ ҳанӯз таслим намешуд. Ӯ муборизаро давом дода, Кангуртро ишғол кард. Дар ин ҷо деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуда, Восеъ бори дуюм қалъаи Балҷувонро ишғол намуд. Шӯришгарон на фақат ба Балҷувон, балки ба Ховалингу Кангурт ҳам соҳиб шуданд.
Комёбиҳои шӯришчиён ва муборизаи оммаи халқ бар зидди амалдорон ва сарватмандон решаҳои тартиботи феодалиро ба ларза оварданд. Аз хусуси шӯриши деҳқонон тахти роҳбарии Восеъ амири Бухоро ҳатто ба генерал-губернатори Туркистон ҳам хабар медиҳад. Аз Бухоро ва Ҳисор ба сӯи Балҷувон лашкар фиристода мешавад. Ба қувваҳои муттаҳидаи ҳарбии бекҳои маҳаллӣ муяссар мешавад, ки шӯриши деҳқононро бо сардории Восеъ пахш кунанд. Ҳамсафони наздики Восеъ захмдор ё дар хорзор ҳалок шуданд. Худи Восеъ дар кӯҳҳо пинҳон шуда, чанд маротиба ба қӯшунҳои хокими Балҷувон ҳамла кард. Ниҳоят ӯ бо роҳи хиёнату фиреб дастгир шуд. Восеъро ишкелбанд карда, ба ҳисор равон намуданд. Беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ (1886-1906) ӯро ба ихтиёри амир фиристод. Восеъ дар назди амир, ки дар Шаҳрисабз меистод, ба дор кашида шуд.
Сатри 31:
Ғавғои рӯзи маҳшар,
Бар фуқарост имрӯз.
 
[[Category:Таърих]]