Атом: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
ки ин ҷо v – суръати ҳаракати электрон аст. Энергияи потенсиалии U(r) = – ke2/r танҳо ба r бастагӣ дорад (расми 1, а). Қимати U(r) дар нуқтаи беохир дур ба сифати қимати сифрии энергияи потенсиалӣ пазируфта шудааст. Дар мавриди Е<0 будан электрон бо ҳаста алоқаманд асту дар сурати E>0 будан – озод, зеро дар ин маврид электрон бо энергияи mev2/2 атомро тарк мекунад ва атом ба атоми иондоршуда мубаддал мегардад. Ҳамин тариқ, атоми ҳидро­гени хунсо (Н) манзумае мебошад, ки энергияи Е<0 дорад. Е – мушаххасаи асосии атом (чун манзумаи квантӣ) аст. Атом муддати дуру дароз танҳо дар «ҳолатҳои муқимӣ» ном ҳолатҳои муайянэнергии Е1, Е2, Е3 (Е1<E2<E3 …, аммо на дар байни ин ҳолатҳо) вуҷуд дошта метавонад. Дар ин ҳолатҳо гаштовар (момент)-и импулси электрони дар атрофи ҳаста гарданда ба ħ = h/2π каратӣ мебошад:
 
mevr = nħ (2).
 
Ин ҷо ħ – собитаи Планк, n=1,2,3, …, ҳолатҳои устувор (ниг. Постулати якуми Бор). Манзумаи квантӣ (масалан, ҳамон атом) манзумаи квантонидаэнергӣ мебошад, яъне энергияи атом қиматҳои мутобиқ ба қиматҳои муайяни адади n-и ифодаи (2) дошта метавонад. Ҳар гуна тағйироти энергиявӣ дар натиҷаи фурӯбурд, афканиш ё ҳангоми бар­хӯрд танҳо дар мавриди гузариши квантии (ҷаҳиш­сон) электрони атом аз як ҳолати муқимӣ (савияи энергиявии Em, m = n+1, n+2, …) ба ҳолати муқимии дигар (савияи энергии En) муайян карда мешавад. Ҳамзамон бо гузариш электрони атом нуре меафканад, ки он басомади
Сатри 14:
дорад (ба шарте ки Еm<En бошад) ё фурӯ мебарад (агар Еm>En бошад). Ин постулати дуюми Бор аст ва моҳиятан қонуни бақои энергияро дар гузаришҳои атомӣ ифода мекунад (расми 1, б). Савияи поинтарин (Е1 = Еmin, ки дар он радиуси мадор ададан ба радиуси мадори аввали борӣ rБ = ħ2/Ze2mk, барои атоми ҳидроген Z=1, rБ = 0,529∙10-10 м аст) савияи асосӣ ва савияҳои боқимонда (Еn>1, rn=n2rБ) савияҳои ангехта ном гирифтаанд. Ин қонуният маънои онро дорад, ки маҷмӯи ҳолатҳои асосӣ ва ангехтаи атоми ҳидроген сохтори қабат-қабат доранд. Барои ҳар қабат адади n қимати муайян дорад. Дар атомҳои бисёрэлектрона абри электронии ҳолати асосӣ ба худии худ сохтори қабат-қабат дорад, ки онро дар шабоҳат бо гурӯҳбандии савияҳои атоми ҳидроген ҳамчун натиҷаи пай дар пай бо электронҳо пуршавии ҳолатҳои озоди камэнергиятарин тасаввур кардан мумкин аст.
Аз ифодаҳои (1) ва (2) барои энергияи пурраи электрон дар атоми ҳидроген дар савияи энергии n-ум
Еn = – k2mee4/2ħ2n2 (4) аст.
атоми ҳидроген мувофиқи ифодаҳои (3) ва (4) хатҳои тайфии басомадашон ν = (Еm – En)/h = – k2mee4/4πħ3 (1/n2 – 1/m2)-ро дорад. Бо назардошти ω = 2πν = 2πc/λ ва ν = c/λ = cῆ∙ (ῆ– адади мавҷӣ)
ῆ = 1/ λ = R(1/n2 – 1/m2) (5)
ҳосил мешавад (ин ҷо R = k2mee4/4πcħ3 = 1,097∙107 м–1 собитаи Ридберг, ё R=13,6 эВ мешавад, ки он ба нерӯи иондоршавии атоми гидроген мувофиқат мекунад).
 
Сатри 58:
 
Шумораи умумии ҳолатҳои гуногун бо адади квантии асосӣ – n муайян карда мешавад:
ℓ = n = 1 ∑2(2ℓ+1) = 2n2 (5)
ℓ = 0
ℓ = 0
 
Ҳамин тариқ, ба ҳар як савияи энергии атоми ҳидроген 2, 8, 18, …, 2n2 (n = 1,2,3, …)-то ҳолати квантии муқимии гуногун мувофиқ меояд. Ҳолатҳои квантии ионҳои ҳидрогенмонанд ва филиззҳои ишқорӣ низ бо ҳамин ададҳои квантӣ таъйин карда мешаванд. Барои ин гуна ионҳо тақсимоти зичии электронӣ ҳам мисли тақсимоти электронии атоми ҳидроген аст, вале назар ба он Z бор зиёд аст; бинобар ин дар ионҳои ҳидрогенмонанд андозаи мадорҳои электронӣ мутаносибан хурд мешавад.
Таъсири майдонҳои беруна ба савияҳои энергии атоми ҳидроген. Атом дар майдонҳои электрикӣ ва магнитии берунӣ чун ҳар гуна силсилаи электрикии дигар энергияи иловагӣ мегирад. Майдони электрикӣ атомро қутбнок мекунаду майдони магнитӣ вектори гаштовари магнитии атомро самти муайян медиҳад. Ба ҳолатҳои гуногуни атоми ҳидрогени дорои ҳамон як энергияи Еn дар майдони беруна энергияи иловагии ΔЕ-и гуногун муво­фиқ меояд. Бинобар ин савияи энергии Еn ба чанд зерсавия тақсим мешавад (расми 2).
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Атом"